Оё интихоботи Афғонистон зери сояи ҷангу таҳдид доир мегардад?

№100 (4050) 20.08.2019

smi-prezidentskie-vybory-v-afganistane-sobirayutsya-perenesti-na-tri-mesyaca_1ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТҲОИ АФҒОНИСТОН

Афғонистон пас аз суқути режими «Толибон» соли 2001 интихоботи президентиро ба роҳ монд ва имсол маротибаи чорум аст, ки дар он ин маъракаи сиёсӣ баргузор мешавад. Аммо ҳар дафъа эътирози шадиди бархе аз номзадҳо, шикоят аз ношаффофии баргузорӣ ва дахолати неруҳои беруна ба рафти интихоботҳо ҷой доштааст. Дар гузашта таҳлилгарони минтақавӣ таъкид мекарданд, интихоб ва ба қудрат расидани ин ва ё он номзад дар Афғонистон ба иродаи қудратҳои бузург, ки дар кишвар мустақаранд, вобаста мебошад. Имсол ҳам ба назар мерасад, ки ҳамон андеша побарҷост ва на танҳо таҳлилгарон, балки дар Афғонистон ҳам бар ин андешаанд, ки ҳарчанд интихобот баргузор мешавад ва мардум иродаи сиёсиашро истифода мебарад, вале боз ҳам натиҷаи интихобот ба онҳо вобаста нест.

Ду дафъаи аввал зимни интихоботи президентӣ дар Афғонистон Ҳомид Карзай баранда шуд. Аниқтараш, дафъаи дуюм (соли 2009), вақте ки бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ (ҳоло раиси Ҳукумати иҷроия) рақобат мекарданд, доктор Абдуллоҳ аз идомаи ширкат даст кашид. Ӯ он замон гуфта буд: «Ман бо нишони эътироз рӯи амалкарди нодурус­ти ҳукумат ва рӯи амалкарди нодурусти комиссиюни интихобот дар интихоботи шонздаҳи ақраб ширкат намекунам…» ва Ҳомид Карзай, ҳарчанд камтар аз панҷоҳ фоизи овози интихобкунандаҳоро ба даст овард, Президенти Афғонистон пазируфта шуд.

Соли 2014 низ интихоботи президентӣ дар Афғонистон бо эътирози шадиди номзадҳо, алалхусус, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, баргузор гардид. Натиҷа он шуд, ки президентиро Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва раисии ҳукумати иҷроияро Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар дӯш гирифт. Вале тайи панҷ соли охир ҷангу ҷидол дар кишвар хотима наёфт…

 

ИНТИХОБОТИ СОЛИ 2019

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон имсол 18 нафар номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд, ки Президенти феълии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси Ҳукумати иҷроия Абдулло Абдулло, раиси Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр ва собиқ мушовири Президент оид ба амнияти миллӣ Муҳаммад Ҳаниф Атмар аз маъруфтарини онҳо мебошанд.

Замони интихобот ду дафъа ба вақти дигар гузаронида шуд ва ниҳоят, 28 сентябр муқаррар гардид. Барои баргузории маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба номзадҳо 60 рӯз ҷудо шудааст. Дар ин муддат онҳо метавонанд барномаҳои худро ба мардум муаррифӣ кунанд. Лекин чунин ба назар мерасад, ки интихобот дар Афғонистон ин дафъа ҳам ором доир намегардад. Зеро «Толибон» аллакай шашуми август бо нашри баёнияе эълон кард, ки ба рафти он халал мерасонад. Инчунин, мардумро даъват намуд, ки интихоботро «бойкот» намоянд.

- Ба интихобот наравед, зеро овози шумо чизеро дигар намекунад. Чун интихоботҳои пешин ҳар касеро, ки хориҷиҳо хостанд, меоранду ба қудрат мерасонанд, — гуфтаанд онҳо.

«Азбаски Афғонистон дар ишғоли неруҳои хориҷист ва умури кишвар, аз ҷумла, молиёт, идоракунӣ, назорат ва ҳалли ниҳоии ин раванд (яъне интихобот — М.У.) таҳти назорати онҳо қарор дорад… раванди интихобот ҷуз фиреби мардуми одӣ нест», — омадааст дар эъломияи «Толибон», ки хабаргузории «Афғонистон» нашр кардааст.

 

НИГАРОНИИ СММ АЗ ТАҲДИДИ «ТОЛИБОН»

Намояндагони СММ дар Афғонистон эъломияи «Толибон»- ро роҷеъ ба интихоботи президентӣ нигаронкунанда арзёбӣ карда, изҳорот додаанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Мувофиқи ҳуқуқи байналмилалии башар ва қонун дар бораи ҳуқуқҳои инсон раванди интихобот дар Афғонистон маъракаи оммавист. Бинобар ин, ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, интихоб кунад ва бидуни ҳеҷ як зӯроварӣ ба ҳайати ҳукумат интихоб шавад. Шаҳрвандон — интихобкунандагон, номзадҳо ё кормандони комиссияи интихоботӣ ҳуқуқ доранд, аз тарсу таҳдид ва зӯроварӣ дар зинаҳои интихобот озод бошанд».

Намояндагони СММ таъкид кардаанд, ки ҳамла ба ҳавзаҳои интихоботӣ, шаҳрвандон ва ташкилкунандагони маъракаҳои интихобот маънии поймол кардани қонунгузории байналмилалиро дорад. Онҳое, ки ба ин ҷиноят даст мезананд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Вале, ба ин нигоҳ накарда, «Толибон» аллакай дар рӯзи аввали баргузории маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо (28 июл) ба дафтари кории Амруллоҳ Солеҳ — собиқ вазири корҳои дохилии кишвар ва номзад ба ноиби президент аз командаи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамла карданд. Дар натиҷа, тибқи маълумотҳо, 30 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Аз ин хотир, метавон ба чунин натиҷа расид, ки маъракаҳои пешазинтихоботии Афғонистон имсол ҳам бо тарсу таҳдидҳо доир мегарданд.

ИНТИХОБОТ ВА МУЗОКИРОТ БО «ТОЛИБОН»

Баргузории интихоботи президентии кишвари ҳамсоя ва таҳдиди «Толибон» ҷиҳати халалдор кардани он дар ҳолест, ки ИМА бо онҳо роҳи мусолиҳаро суроғ дорад. Инак, даври ҳаштуми музокирот миёни фиристодаи махсуси ИМА дар умури Афғонистон ва намояндагони ҳаракати «Толибон» дар Қатар ба поён расидааст. Ҳарчанд ҷонибҳо баъд аз баргузории ин даври музокирот изҳори хушҳолӣ кардаанд, ки ба натиҷаи мусбат мерасанд, вале эъломияи «Толибон» тамоман ҳолати баръаксро ифодагар аст.

Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳам 11 август зимни суханронӣ ба муносибати Иди қурбон гуфтааст, ки ҷонибдори сулҳ кардан бо «Толибон» аст, аммо сарнавишти Афғонис­тон дар хориҷ муайян намешавад. — Сарнавишти Афғонистон дар ин ҷо, дар рӯ ба рӯи ҳар афғон муайян мешавад», — таъкид кардааст Президент.

Коршиносон ҳам авзои Афғонистонро вобаста ба вазъияти пешазинтихоботӣ тезутунд арзёбӣ мекунанд. Чунончӣ, зимни суҳбат Сайфулло Сафаров — собиқ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар аз фаъол шудани гурӯҳҳои сиёсӣ дар Афғонистон ёдовар шуда, ҳолати кунунии кишвари ҳамсояро чунин тавзеҳ дод:

- Ба мисли давлатҳои демократии «нопухта» тақдири Афғонистон ба иродаи мардумаш ягон вобастагӣ надорад. Натиҷаи интихобот ҳам иродаи мардумро ифода карда наметавонад. Албатта, натиҷаи ҷамъбастшудааш дар назар аст. Модом, ки Украина сарвазирашро бо ИМА мувофиқа мекунад, пас Афғонистон ҳам маҷбур аст бо он чи ки хоҷагон мегӯянд, розӣ шавад. Ин, албатта, ба амнияти минтақа таъсири манфӣ дорад. Зеро зиддиятҳои дохилӣ ором шудани Афғонистонро ба дарозо мекашанд ва мо ҳам маҷбурем барои таҳкими амният захираҳои бештарро равона карда, ҳамкориҳои ҳарбиро бо кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бештар намоем. Хулоса, хавфу таҳдидҳои фаъол ҳоло аз байн нарафтаанд ва сулҳу суботи минтақа ба вазъияти Афғонистон хеле вобаста аст.

М. УСМОН, «Садои мардум»