То 1-уми июли соли равон қарзи андоз дар вилояти Хатлон 176 миллиону 147 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз ин 116 миллион қарзи мушкилситон ба ҳисоб меравад.
Муовини сардори Раёсати андоз дар Хатлон Абдурозиқ Солиев зикр кард, ки дар вилоят 12 ҳазору 260 андозсупоранда ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, 6 ҳазору 106 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, зиёда аз 58 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ва 26 ҳазору 203 соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба иттилои ӯ, зиёдшавии қарзи андоз ба он вобаста аст, ки баъзе аз андозсупорандагон уҳдадориҳоро сари вақт иҷро намекунанд.
- Андозсупоранда ҳисоботашро медиҳад, амалиёт мегузаронад, пешниҳод мекунад, аммо маблағро пардохт намекунад. Ҳар як намуди андоз муҳлати пешниҳоди ҳисобот ва пардохти маблағро дорад. Мутаассифона, фишангҳое, ки қонунгузории андоз муайян кардааст, ба он гурӯҳи андозсупорандаҳо он қадар таъсиррасон нестанд, — гуфт ҳамсуҳбатам.
Сабаби дигар бемасъулиятии кормандони мақомоти андоз арзёбӣ мешавад.
- Мутасаддие, ки ба ҳудуди муайян вобаста аст, ба саҳлангорӣ роҳ медиҳад. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки кормандони андоз даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 8 корманди нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудаанд, — гуфт Абдурозиқ Солиев.
Сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози вилояти Хатлон Шамс Сафарзода иброз дошт, ки аз ҳама бештар қарз дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (19 миллиону 334 ҳазор сомонӣ), Бохтар (5 миллиону 143 ҳазор), Кӯшониён (20 миллиону 143 ҳазор), Вахш (12 миллиону 529 ҳазор), Восеъ (7 миллиону 434 ҳазор), Ёвон (7 миллиону 489 ҳазор), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (7 миллиону 369 ҳазор), Фархор (10 миллиону 805 ҳазор), Данғара (8 миллиону 445 ҳазор) ва Темурмалик (8 миллиону 201 ҳазор сомонӣ) мавҷуд аст.
Қарзҳои мушкилситон низ маҳз дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда бештар ба назар мерасанд. Шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ ва Хуросон ба ҷойи коҳиш додани бақияи қарзи андоз онро зиёд карданд. Бо мақсади кам кардани қарзи андоз аз ҷониби Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар ҳафт моҳи соли равон зиёда аз 11 ҳазор огоҳинома оид ба пардохти қарзи андоз ирсол шуда, 33,5 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Бар замми ин, нисбат ба 195 андозсупоранда, ки қарзи андозҳоро пардохт накардаанд, бо дастрасии моддаи 620-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 523 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Ҳамчунин, аз тарафи Раёсати андоз дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 481 қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо қабул гардида, аз ин ҳисоб 55 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Азбаски Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини аграрии Тоҷикистон аст, аксари қарз ба соҳаи кишоварзӣ тааллуқ дорад. Мувофиқи маълумоти дастрасшуда, дар ин соҳа 50 миллион сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст.
Мушкили дигаре, ки боиси нигаронии кормандони мақомоти андоз гардидааст, таҷдид шудани кооперативҳое мебошад, ки масоҳати заминашон васеъ буду бақияи қарзи зиёд доштанд.
- Дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бештари ин гуна хоҷагиҳо таҷдид шуда, дар заминаи онҳо хоҷагиҳои деҳқонии хурд ташкил гардидаанд. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд қарзи андоз ва дигар қарзҳо вобаста ба масоҳати замини ҳар як хоҷагии хурди ташкилшуда тақсим шавад. Мутаассифона, ин ҳолат дар аксар шаҳру ноҳияҳо ба назар гирифта нашудааст. Ба комиссияи доимоамалкунандаи таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо кормандони мақомоти андоз ҷалб нагардиданд. Аз 50 миллион сомонӣ бақияи қарзи соҳаи кишоварзии вилоят 23 миллионашро қарзҳое дар бар мегиранд, ки дар натиҷаи нофаҳмиҳо байни кооперативҳо ва хоҷагиҳои хурди дар заминаи онҳо ташкилшуда ба вуҷуд омадаанд. Ин гуна мушкилиҳо таъсири манфӣ ба фаъолияти мақомоти андоз расонида истодаанд, — гуфт Шамс Сафарзода.
Дар моддаи 45-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки супоридани андоз ва пардохтҳое, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист. Пас, зарур аст, ки андозро сари вақт пардохт карда, ба ин васила қарзи шаҳрвандиро дар назди Ватан иҷро намоем.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»