Агрегати дуюми НБО «Роғун» ба кор дароварда шуд

№109 - 110 (4059 - 4060) 12.09.2019

48704799698_5426b49df6_o9 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикис­тон пахш гардид.

Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизис­тон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳали сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шинос шуданд.

Дар мавзеи бунёди неругоҳ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳоро дар нақби сохтмонии СТ-4 назорат карданд, ки дар маҷмӯъ, бо дарназардошти баромадгоҳаш, 1798 метр дарозӣ дорад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Нақби обпартои сохтмонии СТ-4 барои партофтани об дар давраи серобӣ дар ҷараёни сохтмони неругоҳ аз сатҳи 1090 метр то 1210 метр хизмат мерасонад.

Ду нақби обпартои болоӣ, ки аз сатҳи 1190 метр сохта мешаванд, ба шохаҳои СТ-4 мепайванданд ва қобилияти обгузаронии ҳар кадом 1750 метри мукаабро дар як сония ташкил мекунад.

Қисми охири нақб, ки аз ду шоха иборат мебошад, дар вақти истифодабарии неругоҳ низ хизмат хоҳад кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, даромадгоҳи нақб, ки дар сатҳи 1190 метр қарор дорад, пурра сохта шудааст. Қутри он 15 метрро ташкил медиҳад. Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбанди неругоҳро аз назар гузаронданд.

Сарбанди Роғун то 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта, дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмонӣ рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст.

Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр мерасад, ки имкон фароҳам меорад, ду агрегати навбати аввали неругоҳ фаъолият намоянд.

Дар обанбори «Роғун» то ба ҳол тақрибан 200 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути нақби нақлиётии Т-9 ҳаракат карданд.

Нақби нақлиётии Т-9 иншоотест, ки қисмати поёноби неругоҳро ба шонаи сарбанд ва майдончаи нақбҳои амудии идоракунии дарвозаҳои нақбҳои обрасони турбинӣ (лӯлагӣ) мепайвандад.

Нақби нақлиётии Т-9 дар давраи истифодабарии неругоҳ низ амал мекунад. Он то майдончаи лӯлаҳои обрасон тӯл мекашад ва дар оянда ба дарвозаҳои лӯлаҳои обрасон хизмат хоҳад шуд.

Қисми дигари нақб аз шонаи сарбанд мегузарад ва имкон медиҳад, ки роҳи рафтуомад то ба Неругоҳи барқи обии «Шӯроб» таъмин карда шавад. Дарозии нақби нақлиётии Т-9 панҷсаду сӣ метрро ташкил мекунад.

Нақб дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Ҳамчунин, Президенти мамлакат бо ҷараён ва иҷрои корҳо дар нақби ҳаворасон шинос шуданд.

Нақби ҳаворасон то меҳвари нақби амудии ҳаворасон 487,5 метр дарозӣ дошта, паҳноияш ба 8 метр ва баландиаш ба 8,4 метр мерасад. Он дар оянда барои таъмин намудани ҳавои тоза ба бинои трансформаторҳо, толори мошинҳо ва ба берун кашидани чангу ғубор аз иншооти зикршуда хизмат мекунад.

Нақб ба се қисм тақсим мешавад, ки як қисми он барои кашидани чангу ғубор, қисми дигар барои таъмини ҳавои тоза ва қисми сеюм барои дастрасӣ то нақби амудӣ ва баръакс, то баромадгоҳи он, пешбинӣ шудааст.

Нақби ҳаворасон бо нақби амудии ҳаворасон пайваст мешавад ва айни ҳол бо қутри 12,1 метр канда шуда истодааст.

Мавзеи дигаре, ки Сарвари давлат бо ҷараёни кор дар он шинос шуданд, иншооти нақби турбинаи агрегати рақами 1 мебошад.

Нақби амудии обқабулкунаки агрегати №1 аз сатҳи 1172 метр оғоз ёфта, то сатҳи 956 метр ба поён меравад ва баландиаш, дар маҷмӯъ, 216 метрро ташкил медиҳад. Қутри корҳои нақбканӣ бо 8,7 метр оғоз ёфта, қутри ниҳоияш 7 метр­ро ташкил медиҳад ва пурра оҳанпӯш мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбкании фурнели он бо қутри 2,5 метр ба анҷом расидааст.

Дар майдончаи назоратии рақами 5А Пешвои миллат бо иншооти бунёдгардида ва сох­ташаванда, аз қабили КРУЭ 500кВ ва 220 кВ, мавзеи сарбанди неругоҳ ва дигар иншоот шинос шуданд.

Иншооти охирин, ки зимни сафар Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар он шинос шуданд, нақби сохтмонии СТ-3 мебошад. Он тибқи лоиҳа бо мақсади гузаронидани об аз сатҳи 1035 метр то 1145 метр бунёд гардидааст.

Дарозии умумии нақб 1858 метрро ташкил медиҳад. Тавоноии обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад. Нақби сохтмонии СТ-3 дорои якчанд нақби ёрирасон аст.

Баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 дар баландии 946-973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландиаш 26 метр ва дарозии даромадгоҳаш 100 метр аст.

Нақби обпартои сеюм яке аз иншооти муҳим дар самти таъмин намудани бехатарии фаъолияти неругоҳ ҳангоми серобии эҳтимолӣ бо насби дарвозаҳои сегментии таъмирӣ, садамавӣ ва асосӣ мебошад, ки ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар қатори дигар нақбҳо он нахустин нақбе мебошад, ки дар доираи бунёди неругоҳ дар даврони истиқлол сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти кор дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмон ба сифати кори коргарон баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои саривақтию босамари тадбирҳои созандагӣ дар неругоҳ ҳидоят карданд.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ро ба кор дароварданд.

Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибис­тиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст ва қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюм коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат иштирок карданд.

Баъди ба кор даровардани агрегати дуюм неруи барқи аз он тавлидшаванда низ ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди неругоҳи азим оғоз бахшиданд.

16 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод, оғоз бахшиданд.

Ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳали сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти муҳими он — хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ-и «Душанбе — Роғун» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазиро бо 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ ба истифода доданд.

Аз рӯзи ба истифода додани агрегати якуми кохи нур вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, аллакай дар неругоҳ 570 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол ва ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» — пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.

Дар сохтмони неругоҳ бо ҳидояти созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 25 ҳазор нафар сохтмончӣ, муҳандис ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатҳои дигари неругоҳ идома дорад.

Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.

Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятро сафарбар намудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ инфрасохтори энергетикии кишвар тағйир ёфт ва бо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.

Бо мақсади рушди соҳаи энергетика ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16 миллиард сомонӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то ҳол 7,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз ва хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ бунёд гардиданд.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба кор андохтани агрегати якуми он, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ — и «Душанбе — Роғун», ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир — 1», Неругоҳи барқи обии «Тоҷикис­тон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 —  киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳрис­тон», «Шаҳринав», «Геран-2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикис­тон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ», оғози татбиқи лоиҳаҳои САSA-1000, «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва ба истифода додани зеристгоҳи барқии «Темурмалик» дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мамлакат дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар баробари бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», танҳо барои таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» беш аз 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ ҷалб кардааст, ки ин ба 11 миллиард сомонӣ баробар мебошад.

Бо бунёд гардидани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои хурд зиёда аз 1900 мегаватт иқтидори нав ба кор дароварда шуданд.

Ҳамчунин, тавассути сохт­мони хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Роғун-Душанбе», «Лолазор — Хатлон», «Геран — Румӣ», «Тоҷикистон — Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Айнӣ-Рӯдакӣ», «Қайроққум — Ашт», «Қайроққум — Суғд» ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500 — киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220 — киловолта ва дигар иншооти барқӣ фаъолияти устувори низоми ягонаи энергетикӣ таъмин карда шуд.

Ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд.

Баъди ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ дар назди васлгарону ронандагон, нақбканону кафшергарон, пармагарону барқчиён, дуредгарону муҳандисон ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ суханронӣ карданд.

www.president.tj