9 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзгоҳи пойтахт зимни ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро ба муносибати солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик ва қувваҳои солими ҷомеа зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти калидӣ доранд. Ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар ва ноил гаштан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро падидаи неки созанда ва дастоварди муҳимтарин дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли неруи барқ, таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат ва қадами устувори мардуми тоҷик дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ маънидод карданд.
Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки бунёди ин иншооти бузурги аср солҳои наздик бо кӯшишу ғайрати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиён муваффақона анҷом меёбад ва ба шарофати он, дар баробари рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сатҳу сифати рӯзгори мардум хеле беҳтар мегардад.
Дар охир, барномаи бошукӯҳи консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
www.president.tj