Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кунио Микурия

№114 (4064) 24.09.2019

48781662906_3820e86bb8_o23 сентябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурияро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахши тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Ҷонибҳо масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияи муосир, таҷдиди инфрасохтори гумрук, тайёр кардани кадрҳои соҳа ва баланд бардоштани савияи ихтисоси онҳоро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Тарафҳо, ҳамчунин, доир ба такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот изҳори андеша намуданд.

www.president.tj