Ҳафтаи сипаришуда Сарвазири Покистон Имрон Хон терминали шабонарӯзии «Турхам»-ро дар сарҳади Покистону Афғонистон ифтитоҳ бахшид. Мувофиқи иттилои Агентии иттилоотии Dispatch News Desk, он ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро чандин маротиба зиёд намуда, тамоми сол бе рӯзҳои истироҳат фаъолият хоҳад намуд.
Барои амалисозии лоиҳа 16 миллиард рупияи покистонӣ сарф шудааст ва ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаштани гузаргоҳ ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Танҳо дар рӯзҳои аввали фаъолияти шабонарӯзии гузаргоҳ ҳаҷми табодули мол 50 фоиз зиёд шудааст. Имрон Хон зикр намудааст, ки рушди тиҷорат боиси афзудани ҷойҳои нави корӣ мегардад, ки муҳим аст.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳи гузаргоҳи таҷдидшуда манфиати зиёд оварда, боиси афзоиши содироти маҳсулот мегардад. Бар илова, онҳо метавонанд аз Покистон дорувории хушсифату арзон, васоити варзиш, меваҳои субтропикӣ, либосҳои хушдӯхт, ранг, маснуоти чармин, атриёт, шакар ва ғайраро ворид кунанд.
Чанд сол пеш тоҷирони покистонӣ ба Тоҷикистон семент оварда, ангиштсанг мебурданд. Мутаассифона, бо қарори Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ фурӯши ангиштсанг ба хориҷи кишвар манъ шуд. Ҳоло ки истеҳсоли ангиштсанг дар мамлакат афзоиш ёфтааст, лозим аст ки тоҷирони покистониро дубора ба хариди он ҷалб намоем. Солҳои пеш барои убури сарҳади Афғонистону Покистон рӯзҳо мошинҳо навбат мепоиданд. Акнун, ки бо тасмими Сарвазири ислоҳотгари Покистон Имрон Хон гузаргоҳи «Турхам» ба фаъолияти бе истироҳат гузаштааст, аз ин имконият тоҷирони кишвар бояд истифода баранд. Чунончӣ, ҳамватанон метавонанд дар фасли зимистон мандарину картошка ва пиёзи арзони Покистонро ба Қирғизистону Қазоқистон реэкспорт намоянд. Истифодаи саривақтӣ аз фурсати муносиб бурди тоҷирони мамлакат хоҳад буд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»