22 октябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ширкат варзиданд.
Чорабиниро президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшид ва суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, меҳмонони ҳамоиши байналмилалиро аз номи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба кори симпозиум барору комёбӣ орзу карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ҳамоиш ва дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ овардани олимону коршиносонро нигоҳи нав ва диди тоза ба 1120 — солагии давлати Сомониён, давраи пурифтихори халқи тоҷик, баррасӣ ва арҷгузорӣ ба ин мероси бузург, яъне, таъриху фарҳанги замони давлатдории Сомониён, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус, мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод — «Наврӯз», «Меҳргон» ва «Сада» дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин, нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ, арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи онҳоро боз ҳам равшантар месозанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёкон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим касб кардааст.
Аз замони Куруш то давраи Сомониён дар санъату фарҳанг арзишҳои мондагор ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, омӯзиши масъалаҳои консептуалии таърихи ташаккули санъат, раванди эҳёи анвои мусиқӣ, кашфи созҳои миллӣ, паҳлуҳои норавшани шахсияти Борбади Марвазӣ ва нақши ӯ дар рушди мусиқии суннатӣ аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки таҳқиқи амиқи муқоисавию таърихиро тақозо менамоянд.
Баъди суханронии Пешвои миллат, профессор Масъуди Миршоҳӣ — раиси Анҷумани «Рӯдакӣ» — и Франсия, Мария Дрожжина — мусиқишинос, корманди Консерваторияи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, Ромин Фарҳангӣ — раиси Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ»- и Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҳуммер Абрамиён — раиси Фарҳангистони «Куруши Бузург» — и Австралия, профессор Ҳусейн Содиқӣ аз Швейтсария, Бобур Ҳамидов аз Ӯзбекистон ва шоир Масъуди Сипанд баромад карданд.
22 октябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» бо як гурӯҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба онҳо барои пешбурди фаъолияти илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ барору комёбӣ орзу намуданд.
Сипас, оид ба ҳадафҳо ва аҳамияти баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар Душанбе, муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои олам ва нақши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» табодули андеша сурат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», ба фаъолияти хуби ҷамъиятҳои дар хориҷбудаи тоҷикон ва форсизабонон, инчунин, саҳми онҳо дар ташаккули фарҳанги ягона, баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли зиёро даъват намуданд, ки ҳамкориро бо доираҳои илмию эҷодӣ, аҳли фарҳанги кишвари мо ба таври зичу пурсамар ба роҳ монанд ва дар ҷараёни таҷлили ҷашну идҳои миллию байналмилалӣ дар Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.
Меҳмонон — иштирокчиёни симпозиум ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани кори ҳамоиши илмӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо барои саҳми арзишманд дар ваҳдату ҳамбастагии мардумони сайёра, арҷгузорӣ ба аҷдодон, мероси бузурги онҳо ва гиромидошти муқаддасоти фарҳангии ниёкон дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» тақдим карда шуд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон ҷиҳати саҳмгирии амиқ дар инкишофи фарҳанги волою забони ноби тоҷикию форсӣ ва густариши дӯстиву робитаҳо миёни тоҷикону форсизабонон ва халқҳои дигари ҷаҳон муваффақият орзу карданд.
www.president.tj