Баррасии нақши муҳоҷират дар рушди иқтисод

№ 01.11.2019

Бисту ҳаштуми октябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбута, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону мутахассисон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Муовини якуми директори марказ Хуршед Зиёӣ чорабиниро оғоз бахшида, изҳор дошт, ки масъалаи муҳоҷират моҳияти глобалӣ дошта, Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз ин раванд дар канор бошад. Ӯ доир ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират маълумот дода, гуфт, ки ин масъала зери таваҷҷуҳи доимии Давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Дар семинар, ҳамчунин, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадбекзода, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон В.Баҳромбеков, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Р. Улмасов, докторанти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ғ.Санавваров, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ф. Худойдодова, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Назирова ва раиси Шӯрои ҷавонони ин марказ Ф. Равшаналиев дар мавзӯъҳои «Татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муҳоҷират сабаби пайвастшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгаро», «Асри ХХI-шаклгирии муносибатҳои нав дар идоракунии муҳоҷират», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» такмил мехоҳад», «Раванди муҳоҷирати зеҳнҳо ва нақши он дар ҳаёти иқтисодии кишварҳо (таҷрибаи ҷаҳонӣ)», «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва паёмадҳои манфии он ба таҳсили наврасону ҷавонон» ва «Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури муҳоҷирони меҳнатӣ» маърӯза намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»