Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид

№146 (4096) 03.12.2019

49140872112_614a1e2a86_o29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин ҷамъомад нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ширкат варзиданд.

Сарони давлатҳо аҳамияти ҳамоишро таъкид ва маҷмӯи васеи масоили ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасох­тори нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ – техникӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баланди вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.

- Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад, — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки натиҷаи машварат бори дигар мавқеи наздики давлатҳоро оид ба таъмиқи ҳамгироии минтақавӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардуми кишварҳо муайян менамояд.

Президенти мамлакат соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ ва таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйи­рёбии иқлим, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб карданд.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи натиҷаи ҳамоиш Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дастури корӣ оид ба ташкили вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.

Ҳамчунин, раисӣ дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ба таври гузариш ба муҳлати се сол, аз соли 2020, ба Тоҷикистон гузашт.

Сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд.

Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид.

www.president.tj