Ё борро бо мошин фиристодан оё беҳтар нест?
Рӯз то рӯз рақобат дар соҳаи мусофиркашонӣ дар ҷаҳон пурзӯр шуда истодааст. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ бо пешниҳоди хизматрасонии арзону босифат мехоҳанд мизоҷи бештарро ҷалб созанд. Мутаассифона, баъзеҳо бинобар қаблан шароити ширкатҳои хизматрасониро дуруст наомӯхтан дар интихоб хато мекунанд.
Сокини шаҳри Ҳисор Фарҳод Муродов нақл кард, ки 28 ноябри соли равон, соати 18, ҳангоми аз фурудгоҳи «Внуково»- и шаҳри Москва ба шаҳри Душанбе омадан шоҳиди тамаъҷӯии кормандони фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр» гардид. Назар ба қавли ӯ, баъд аз он ки мусофирон борҳояшонро барои бағоҷ супурда, расид гирифтанд, намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ бо корманди фурудгоҳ гӯшакӣ карда, эълон доштааст, ки бағоҷи ҳар касе аз 20 кило зиёд бошад, маблағи иловагӣ супорад. Вагарна, бораш аз хатсайр гирифта мешавад. Мусофирон аз ин рафтор ҳайрон шуда, пурсидаанд: — Чаро дар вақти супурдан огоҳ накардед? Метавонистем аз баҳри борҳои дуюмдараҷа гузашта, бағоҷро 20 кило кунем…
Аммо кормандони ширкат ноилоҷ будани мусофиронро дида, ҳукм кардаанд, ки дар сурати напардохтани маблағ бағоҷашонро гиранд.
- Хулоса маҷбур шудам, ки барои 600 грамм бори изофӣ 3700 рубл супорам. Бисёриҳо ба таври илова 4 — 5 ҳазор рубл супурданд, — бо таассуф гуфт Фарҳод.
Нависандаи ин сатрҳо низ шоҳид буд, ки дар фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Москва кормандонаш зимни баркашидани бағоҷ ҳатман мепурсиданд: — Маблағи иловагӣ пардохт мекунед?
Агар соҳиби бағоҷ имкони пардохт кардан надошта бошад, метавонад бори изофиашро ба сумкаи дастиаш бигирад. Бар ҳар ҳол ба ӯ сабук меафтад. Аммо чунин рафтори кормандони ширкати «Ютэйр» мусофиронро дар ҳолати ногувор мегузорад.
Дар ширкатҳои ҳавопаймоии аксар мамолики ҷаҳон барои мусофирони категорияи «бизнес- класс» бағоҷ то 30 кило ва барои бори дастӣ то 10 кило иҷозат дода мешавад. Барои мусофирони категорияи «эконом- класс» бошад, ин рақам мутаносибан 20 кило бағоҷ ва 7 — 10 кило бори дастӣ аст. Ҳар ширкат барои бори иловагӣ нархнома дорад. Одатан, нархи бори иловагӣ ба ҳисоби миёна барои як кило 5 — 15 евро мебошад. Баъзе аз ширкатҳо барои як кило бори изофӣ баробари 1,5 фоизи нархи чипта маблағи иловагӣ мегиранд.
Мусофир пеш аз харидани чипта бояд варианти беҳтаринро интихоб намояд. Ҳоло дар Федератсияи Россия ширкатҳои боркашоние ҳастанд, ки метавонанд борро ба ивази 40 — 50 рубл барои як кило ба Тоҷикистон биёранд.
Муҳоҷирон дар шароити мушкил меҳнат карда, соҳиби маблағ мешаванд. Шоиста нест, ки пули бо арақи ҷабин рӯёндаашонро барои овардани 1- 2 кило бори шояд на он қадар зарурӣ сарф кунанд. Аз ин рӯ, тибқи мақоли «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал бояд кард.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»