12 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Такмили заминаҳои ҳуқуқии мафҳумҳо ва таснифҳои субъектони ҳокимияти давлатӣ дар қонунгузории соҳаи сохтори давлатӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷурахон масоили «Субъекти ҳокимияти қонунгузор», «Субъекти ҳокимияти иҷроия» «Субъекти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо», «Субъекти ҳокимияти судӣ» ва ғайраро шарҳ дода, аз ҷумла, гуфт, ки агар мафҳумҳо дуруст бошанд, номуайянӣ дар қонунҳо аз байн меравад.
Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати такмили мафҳумҳо дар қонунгузорӣ аз ҳисоби мутахассисони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Ойев иброз дошт, ки мафҳуми мақоми давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (аз 5 марти соли 2007, № 233), мафҳумҳои мақоми идоракунии давлатӣ, мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва низоми мақоми иҷроия дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (16 апрели соли 2012, № 828) возеҳ шарҳ наёфтаанд.
Холмаҳмад Ойев, ҳамчунин, доир ба мукаммалгардонии мафҳумҳои вазорат, вазир, кумитаи давлатӣ ва санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ пешниҳодҳои ҷолиб намуд.
Дар анҷом, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти баёншуда, қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ