Агар соли 2019-ро соли комёбиву музаффарият ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ гӯем, муболиға нахоҳад буд. Дар ин сол баробари таҷлили 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати дуюми НБО «Роғун» ба кор даромад.
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмону коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва фарҳангу ҳунар низ дастовардҳо назаррас буданд.
Мутаассифона, дар соли 2019 дар баробари дастовардҳо камбудиҳои зиёд низ ба назар расиданд. Манзури банда болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум мебошад, ки 22 номгӯйро дар бар мегирад. Чунончӣ, соли сипаришуда нархи гӯшт ба 50 сомонӣ, картошка — 4-5, пиёз — 3,5, бодирингу помидор — 15- 20, себу нок — 12-15-18, ангур аз 12 то 20, орд ба 200-220 сомонӣ расида, таркиби сабади истеъмолии мардумро хароб кард.
Яке аз сабабҳои болоравии нархи маҳсулот саҳлангории ниҳодҳои давлатие мебошад, ки назорат ба дӯши онҳост. Агар онҳо сари вақт пеши роҳи ҳаннотону муфтхӯронро мегирифтанд, шояд нархи маҳсулот то ин дараҷа баланд намешуд.
Шоҳид будем, ки як ҳафта пеш аз моҳи шарифи Рамазон гӯштфурӯшҳо якбора нархи гӯштро аз 41-42 сомонӣ ба 45 — 48 сомонӣ расониданд. Чун муътақид шуданд, ки ба ин рафтори онҳо ниҳодҳои давлатӣ аҳамият намедиҳанд, онро 50 сомонӣ муқаррар карданд. Дар ин миён иди Қурбон, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз чандин иди дигар таҷлил шуд, вале ҳанӯз ҳам шахсони манфиатдор нархҳоро «посбонӣ» мекунанд.
30-31 декабри соли 2019 роҳбарони ду бозори асосии пойтахт — КВД «Бозори Деҳқон» ва КВД «Бозори Саховат»-ро баъди соати 18 дар ҷойи кор пайдо карда натавонистем. Масъулини бозорҳои маҳаллаҳои 32, 33, 103-юм, «Дӯстӣ», «Яккачинор» низ дар ҷои кории худ набуданд. Ҳол он ки тибқи супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ид роҳбарони бозорҳо бояд дар ҷойи кор бошанд ва хизматрасониро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Нархи маҳсулоти аввалия дар бозорҳои шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Файзобод аз бозорҳои шаҳри Душанбе «бартарӣ» доштанд.
Умед дорем, ки дар соли 2020 фурӯшандагони бозорҳо андаке ҳам бошад, инсофро пешаи кори худ мекунанд ва арзониву фаровонӣ мешавад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»