Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки оид ба пайдоиши номи мавзеъҳои кишвар на ҳама огаҳӣ доранд. Аксар намедонанд, ки дарки маънии номи макону манзил ва мавзеъҳои гуногуни ҷуғрофӣ имконият медиҳад, ки таърихи он мавзеъро хубтар аз худ намоем. Дар робита ба масъалаи мавриди назар забоншиноси шинохта, доктори фанҳои филологӣ Шамсуллои Исмоил дар китоби «Асрори номҳои кишвар» чунин ибрози назар намудааст:
«Номҳои ҷуғрофӣ ё ба истилоҳ топонимҳо, маҳсули тафаккури олӣ, хираду заковати волои инсониянд. Онҳо «шоҳид»-и беовози таърих буда, аз гузаштаи дуру бебозгашти ниёкон, аз талошу пархоши ақвоми пешин дар ин ё он минтақа «ҳикоят» мекунанд ва имкон фароҳам меоранд, ки аҳли башар аз иртиботи хуниву қавмии хеш бо гурӯҳҳои этникӣ ё қабоили қаблӣ огоҳӣ ёбад».
Ҳоло мехостам андешаҳоямро оид ба масъалаи мазкур дар бобати Қаротегин (Рашт) иброз намоям. Вожаи Қаротегин аз ҷониби олимон бо маънии гуногун тафсир шудааст. Ин вожа дар забони сокинони он дар шакли «Қартегин ё Картеғин» ифода мегардад. Баъзеҳо маънии онро кӯҳсор, кӯҳистон, мавзеи кӯҳҳои баланд ва асли пайдоиши онро ба вожаи «Гартегин, Гортегин ё Картегин» мансуб медонанд. Қисми дигар онро ба забони қирғизӣ ва пайдоишашро ба қирғизҳо алоқаманд мешуморанд.
«Дар замони Сомониён подшоҳии Рошт, ки ба он ноҳияҳои ҳозираи Нуробод (рустоҳои Пунбачӣ ва Дарбанд), Ғарм ва Ҷиргатол дохил мешуданд, тараққӣ мекунад. Подшоҳии Рошт аз ҷониби Қарахониён забт шуда буд ва онро ба шоҳзодаи Қарахонӣ бо номи Қаротегин доданд» ( Юсуфшоҳ Яъқубов, «Рошт мамлакати қадим аст»).
«Аввалин бор номи Рошт дар сарчашмаҳои хитоии асри VII пайдо мешавад. Он дар аввали асрҳои миёна, замони забткории арабҳо яке аз подшоҳиҳои Тахористон ба шумор мерафт. Дар солномаи чиноӣ (солҳои 719-720) мактуби шоҳи Рошт Налоян (талаффузи чиноӣ аст) оварда шудааст» ( Юсуфшоҳ Яъқубов, «Рошт мамлакати қадим аст»).
«Фарҳангшиносон ва луғатдонони қадим ва ҷадид вожаи «ҳойит»-ро ба маънои «Ҳота» бозгӯйӣ кардаанд. Маънои авастоии он намозгоҳ аст. Яъне, Ҳойит аз ду вожаи авастоӣ- «ҳо» ба маънои дуо ва «йит» ба маънои гоҳ ва макон таркиб ёфтааст.
Ҳойиту Вахё дар «Бандидод» қаламрави Гаршосп аст. Достони Гаршосп аз «Гаршоспнома» -и Асадии Тӯсӣ ва адабиёти паҳлавӣ ба ҳама маълум аст» (Авроди Шарифхоҷа «Ҳойит дар масири таърих»).
Баъзан номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ ба табиати онҳо низ алоқамандӣ дорад. Дар мисоли ранг, тарзи ҷойгиршавии мавзеъ ва ғайра. Метавон барои фаҳмо гардидани андеша вожаҳои «Деҳбаланд», «Миртоб», «Лангари шоҳ», «Чуҳ сал» ва ғайраро ба хотир овард.
Пирон ривоят мекарданд, ки номи деҳаи Миртоб аз он пайдо шудааст, ки гумоштагони волии тумани Ҳоит он ҷо мавқеъ гирифта, дидбонӣ мекардаанд. Замоне ки бадрақаи шоҳи Қаротегин намудор мешудааст, ба Ҳоит қосид фиристода, волиро аз омадани меҳмони олитабор огоҳ менамудаанд ва ӯ ба пешвоз омодагӣ мегирифтааст. Вожаи «чу сал» низ тоҷикист ва тибқи ривояти пирони диёр дар замонҳои пеш чун мардум ба воситаи «сал» (амад) тариқи дарёи Сурхоб ба тарафҳои поин сафар мекарданд, яке аз нуктаҳои саворшавии мардум ба сал ҳамин ҷо будааст. Деҳаи Пингон дар дараи овозадори Камароб ҷойгир аст. Вожаи «пингон» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънии «коса, ҷом, ташт, тос, тоси мисини таҳсӯрох, ки онро дар миёни тағораи об мегузоранд ва як бор пур шудани он аз об як вақти муайянеро мефаҳмонад», омадааст.
Замони мактабхон буданам олими маъруфе дар деҳаи мо меҳмон шуд ва пирони дар суҳбати ӯ нишаста маънии вожаи «Нимич»-ро пурсиданд. Он олими ноогоҳ хулоса баровард, ки «Нимич» аз забони туркӣ пайдо шудааст ва шакли дурусташ «нима ич» — «чӣ нӯшам?» мебошад. Баъди гузаштани солиёни зиёд маълум шуд, ки маънои топонимикаҳои «Нимич, Шингилич, Ялдамич, Ярхич…» ибодатгоҳ будааст.
Ба қарибӣ шунидам, ки байни гурӯҳе атрофи вожаи «қулло» баҳс шудааст. Бархе аз унвондорону забоншиносон ин вожаро ба вожаи «қул»-и арабӣ ё туркӣ алоқаманд донистаанд, ки аламовар аст. «Қул»-и арабӣ маънии «бигӯй» ва «қул» -и туркӣ маънии «барда, ғулом»-ро дорад, вале дар забони тоҷикӣ маънии ин калима сирф дигар аст. Дар Рашт дараҳои борики кӯҳсорро, ки дорои чашмаҳо мебошанд, қул меноманд. Деҳаи Қулло дар мавзеъе ҷойгир аст, ки чанд дарачаи хурду бузург паҳлуи ҳам ҷойгиранд ва онҳоро мардуми маҳаллӣ якҷоя қулло ( қулҳо) хондаанд.
Оид ба ин масъала бо донишманди маъруф Рустами Ваҳҳоб суҳбат доштам. Гуфтам вожаи «қул»-ро дар тоҷикӣ чӣ гуна бояд фаҳмид? Гуфт: «Қул ҳамон дараи медонистагиат аст, ки интиҳояшро мо «қулла» мегӯем, яъне тоҷе бар сари қулҳо».
Ин ҳуҷҷатро барои он пешкаши хонандагони азиз намудан мехоҳам, ки дар он масъалаи тақсими об байни деҳаҳои деҳоти «Навдӣ» ҳаллу фасл меёбад ва номи деҳаи Қулло низ омадааст:
Дар бораи пайдоиши номи деҳаи Қалъаи Шайх (Шех) байни мардум ривоят аст, ки бародари хурдии мутафаккири маъруф Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо номи Шайхи Кӯчак маъруф будааст, барои таблиғ ба Раштон омада, ин ҷо мемонад ва баъди фавташ дар ҳамин деҳа гӯронда мешавад. Мақбарааш то ҳанӯз побарҷост. Ба эҳтиромаш деҳаро ба номи ӯ номгузорӣ кардаанд.
Албатта, дар як мақолаи хурд наметавонем оид ба маънии тамоми номҳои деҳаҳо ва дигар мавзеъҳои таърихии Раштонзамин ибрози назар намоем, вале бовар дорем, ки ин мақола ба дигар зиёиён барои ҷустуҷӯ намудану дарёфти асрори номҳои диёрамон ёрӣ хоҳад расонд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»