Чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид. Дар он вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбарони 25 мақоми санҷишӣ ва дигар масъулон ширкат варзиданд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки дар доираи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 ба 25 адад расид ва теъдоди санҷишҳо дар соли 2018 нисбат ба соли 2017- ум 48 дарсад коҳиш ёфт.
Дар 9 моҳи соли 2019 аз ҷониби мақомоти санҷишӣ 38515 санҷиш гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ду маротиба кам мебошад.
Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша баҳри кам кардани санҷишҳо, содакунии расмиёти иҷозатномадиҳӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ тадбирҳои муассир меандешад. — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) таъкид намуданд, ки дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст, — гуфт Давлаталӣ Саид.
Зикр гардид, ки қариб ҳар рӯз шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тағйир меёбад, корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд мегарданд, барҳам мехӯранд ва ё шакли ташкилию ҳуқуқиашонро тағйир медиҳанд. Ин зарурати таҷдиди назар намудани Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, тибқи пешниҳоди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳисоботи омории истеҳсолотро месупоранд, ҷиҳати бархӯрдор будан аз қонунгузории мораторий қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Раиси Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов изҳор дошт, ки таҳия ва қабул намудани Кодекси андоз дар таҳрири нав, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чораҳои ҳавасмандкунӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ хоҳанд буд. Номбурда пешниҳод намуд, ки номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» иваз карда шавад.
- Агар иштироки иттиҳодияҳои соҳибкории истеҳсолию тиҷоратӣ дар раванди таҳияву қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ таъмин мешуд, ба манфиати кор мебуд,- гуфт Файзалӣ Раҷабов.
Дар хотима номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо барои соли 2020, ки аз ҷониби 25 мақоми санҷишӣ пешниҳод гардид, мувофиқаву тасдиқ карда шуд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»