Проблема ва мулоҳиза

Рашт. Монеаҳои рушди боғдорӣ кадомҳоянд?

№8 (4114) 14.01.2020

Замоне овозаи себу ноки Раштонзамин атрофу акнофро пур карда буд ва сокинони ин маҳал аз ҳосили бадастоварда даромади хуб мегирифтанд. Натиҷа ҳамин шуд, ки қисми зиёди аҳолӣ ба ин касб рӯ овард ва боғпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи навоҳии Рашт гашт.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аксари боғҳои ноҳия аз сабаби нагузарондани чорабиниҳои агротехникӣ, бахусус, коркарди кимиёвӣ ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасон, камҳосил шуданд. Боғпарварӣ рӯ ба таназзул овард. Қисме аз навъҳои себу нокҳои маҳаллӣ аз байн рафтанд ё боғпарварон аз парвариши онҳо даст кашиданд.

Хушбахтона, ин масъала аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонд.  Тибқи дастуру супоришҳои он кас, барои барқарор намудани боғҳои куҳна ва бунёди боғҳои нав аз ҷониби мақомоти дахлдори ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии боғпарвар тадбирҳои судманд амалӣ шуданд. Вале ҳанӯз дар ин самт мушкилоте мавҷуд аст, ки ба рушди бемайлони соҳа монеа эҷод мекунанд.

Ҳодӣ Сайхӯҷаев дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазифаҳои гуногуни бахши   кишоварзии ноҳияи Рашт кор кардааст. Дастпарвари Донишгоҳи кишоварзии Тимирязеви Федератсияи Россия аст. Ӯ, ки ба бунёди боғҳо ва парвариши ниҳолҳои себу нок машғул аст, ба ҳайси мутахассис доир ба рушди соҳа борҳо дар воситаҳои ахбори омма ибрози назар намудааст. Номбурда сабаби зиёд гардидани касалиҳои гуногунро дар боғҳо ва ҳосили ками меваро ба чанд сабаб рабт медиҳад:

Аввалан, боғдорони ноҳия касалиҳои себу нокро муайян карда наметавонанд. Нуриҳои органикию минералӣ ва заҳрхимикатҳоро бо нархи гарон харидорӣ мекунанд, вале суд намебахшад, зеро  дар минтақа  озмоишгоҳи муайян кардани касалии дарахтон вуҷуд надорад. Агар шахси бемор ба назди табиб равад, вай дар ибтидо касалии дар вуҷуди шахсбударо ташхис менамояд ва баъд ба табобат шурӯъ мекунад. Дарахтон ҳам мисли инсонанд.

Сониян, дар ноҳияҳои водӣ то ҳол ҳатто ягон хоҷагии ниҳолпарварӣ ташкил карда нашудааст. Аз ин рӯ, боғдорони ноҳия аз минтақаҳои дигар ниҳол харидорӣ мекунанд, ки ба иқлими ноҳия тобовар нест. Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони шӯравӣ хоҷагии давлатии «50-солагии Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт дар самти парвариши ниҳол фаъолияти хуб дошт.

Баъдан, беназоратӣ дар самти фурӯшгоҳҳои нурӣ ва заҳрхимикатҳо мебошад. Дар назди Вазорати кишоварзӣ Муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химиякунонии кишоварзӣ фаъолият дорад, вале аксари заҳрхимикатҳо аз тариқи қочоқ ворид мешаванд. Фурӯшандаҳои ноҳияи мо аз ҳамин ҷойҳо заҳрхимикат мехаранд ва онҳоро дар ҷойҳои ба талабот ҷавобгӯ нигоҳдорӣ намекунанд.  Муҳлати истифодаи онҳоро низ касе назорат намебарад.

Ниҳоят, дониши касбии боғдорони имрӯза дар сатҳи паст қарор дорад. Аксари онҳо сабаби хушкшавӣ ва камҳосилии дарахтонро, ки аз беморӣ аст ё ҳашарот фарқ карда наметавонанд. Кай истифода бурдани заҳрхимикат ва нуриро намедонанд. Аз ин рӯ,  дар ноҳия зарурати ташкили гурӯҳи махсуси пешгирӣ оид ба паҳншавии ҳашарот ва ҳимояи боғу зироат бо истифодаи усулҳои агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба миён  омадааст.

Аз суҳбат бо Ҳодӣ Сайхуҷаев маълум гардид, ки ӯ баҳри бартарафсозии мушкилоти соҳаи боғдорӣ ба чандин ташкилоту идораи ҷумҳуриявӣ муроҷиат кардааст, вале масъулон ба ин масъала таваҷҷуҳ накардаанд.

Умед дорем, ки масъулини соҳа баъди мутолиаи пешниҳодҳои мазкур  дар ин самт тадбир меандешанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»