11 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли андуҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ — Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саидро дарёфт намудам.
Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, яке аз маъруфтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд.
Марҳум дар маснади Султони Умон барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Умон хизматҳои бузурге анҷом дода, ислоҳоти зиёдеро ба роҳ монд.
Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем.
Вобаста ба ин талафоти бузург, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми бародари Салтанати Умон ҳамдардии амиқ баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам. Парвардигори бузург марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
www.president.tj