Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№9 (4115) 16.01.2020

49388866517_df93d9853c_o15 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оғози расмӣ бахшиданд.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ, ки 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида буд, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом ёфтааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии марҳилаи аввали иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз аст, ки эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор нафарро қонеъ месозад.

Бо ифтитоҳи марҳилаи дуюми иншоот иқтидори истеҳсоли оби тоза дар як шабонарӯз афзоиш ёфт ва сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки обполакҳо бо истифода аз навтарин технологияи соҳа сохта шудаанд ва ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Иншооти мазкур аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполоӣ иборат мебошад. Инфрасохтори истгоҳи обполоӣ бо бартариҳои зиёд аз дигар лоиҳаҳо тафовут дорад. Он дар масоҳати ками замин ҷойгир шуда, оби нӯшокиро бо сифати баланд коркард менамояд, ки ин бартарии асосии лоиҳаи мазкур мебошад.

Зимни боздид аз истгоҳи обполоӣ Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба беҳбуд бахшидани сифати об ва таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ҷалб намуданд.

Ба андешаи Пешвои миллат, Тоҷикистон кишвари сероб аст ва дар шароити имрӯза, бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда, бояд истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обӣ ба таври оқилона ба роҳ монда шавад.

Ба ин хотир, сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши обтозакунӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ оғоз гардида буд.

Лоиҳакаш ва паймонкори истгоҳи обполоӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Ширкати муштараки олмонию итолиёвии Людвиг Пффайфер — Эмит («Ludwig Pfeiffer — Emit») мебошад. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ҳамин ширкатҳо якҷо бо мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар таъминоти саривақтӣ ва муназ­зами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тоза ҳавзҳои танзими шабонарӯзии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», ки аз се ҳавзи ҷудогонаи обтакшинкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад, аҳамияти калон доранд.

Дар коркарду безараргардонии оби нӯшокии барои муштариён интиқолшаванда коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ мебозад.

Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори зарурии гипохлориди натрий — маҳлул барои безараргардонии оби нӯшокӣ истеҳсол мешавад.

Дар коргоҳ се хати истеҳсолӣ васлу насб гардидааст ва маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла, омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои кимиёвӣ, тайёр мешавад.

Мутобиқи ҳисоби мутахассисон, дар як сол ҷиҳати коркарди пурраи оби нӯшокӣ барои сокинони шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.

Илова ба корҳои анҷомшуда, дар ин иншоот, ҳамчунин, сохтмони биноҳои маъмурӣ, истгоҳи трансформаторӣ, коргоҳи автоматикии коагулятсия ва флокулятсия, бунёди анбори пойгоҳ ва кашонидани хати қубури қутраш аз 1000 то 1600 миллиметр дар масофаи 1,1 километр ба сомон расидааст.

Иншооти мазкур натиҷаи идомаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

49388226783_8ec6dd22dd_o15 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», ки ба истеҳсоли ҷӯроб машғул аст, оғоз бахшиданд.

Мақсад аз таъсиси корхонаи ҷӯроббофӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев бунёд гардидааст, то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакату мусоидат ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона 19 миллиону 200 ҳазор ҷӯроб дар як сол аст. Маҳсулоти он ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ истеҳсол мешавад.

Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо 300 нафар ба кор таъмин гардиданд, ки аксарият мутахассисони варзидаву лаёқатманд аз ҳисоби ҷавонону бонувон мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхона қарор аст, ки беш аз 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гарданд.

Аз рӯи маълумоти соҳибкор, навбати дуюми корхона дар давоми соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад намуд. Барои ин шароит муҳайё мебошад ва хатҳои истеҳсолӣ низ харидорӣ шудаанд. Айни замон музди миёнаи маоши коргарон аз 800 то 1200 сомониро ташкил медиҳад. Шароити мусоиди кор барои кормандон фароҳам аст.

Дар корхона намудҳои гуногуни ҷӯробҳои мардонаву занона, ҷӯроб барои кӯдакону наврасон ва ҷӯробҳои варзишӣ истеҳсол мешавад.

Хатҳои технологии Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», ки аз ҷумҳуриҳои Туркия, Италия ва Чин ворид карда шудаанд, намунаи беҳтарину муосир арзёбӣ мешаванд. Таҷҳизот ва хатҳои технологӣ дар минтақа беназир мебошанд. Ин аст, ки маҳсулоти корхона сифатан хуб ва рақобатпазир истеҳсол шуда, ба бозорҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва ­Қирғизистон содирот мешавад. Бо Амороти Муттаҳидаи Араб низ бобати содирот тавофуқот ба даст омадааст.

Дастуру супоришҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллиро сармашқи кор қарор дода, маъмурияти корхонаи ҷӯроббофии «Ваҳдат» истеҳсолотро пурра аз ҳисоби пахтаи ватанӣ ба роҳ мондааст. 80 фоизи таркиби ҷӯробҳои ин корхона аз пахта буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони доимӣ доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат» дастур доданд, ки ҷиҳати сари вақт фаъол сохтани марҳилаи дуюми корхона чораҳои таъхирнопазир андешида, бобати тақвияти нуфузи корхона дар бозорҳои минтақа талош ба харҷ диҳанд ва рақобатпазирии маҳсулотро таъмин намоянд. Ин раванд даромаднокии корхонаро афзун ва теъдоди ҷойҳои нави кориро бештар месозад. Пешвои миллат ташаббуси соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ карда, бунёдкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави кориро рисолати ҳар соҳибкори ватандӯст маънидод намуданд.

Роҳбарияти корхона барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба рушди соҳибкории хурду миёна арзи сипос карда, қавл доданд, ки минбаъд низ ҷиҳати пешрафти иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ талош хоҳанд варзид.

Мавриди зикр аст, ки соҳибкор Илҳом Мирзоев дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон низ чунин корхонаро ҳанӯз соли 2014 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фаъол сохта буд. Дар Корхонаи ҷӯроббофии ноҳияи Ёвон, ки иқтидори истеҳсолиаш 4,5 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол мебошад, садҳо нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Маҳсулоти ин корхона низ таъиноти содиротӣ дорад.

15 январи соли 2020 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами ­Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 — ро расман ифтитоҳ бахшиданд.

Бинои нав дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур, дар ҷойи бинои куҳнаву фарсуда ва якошёнаи муассисаи мазкур, ки солҳои 50 — уми асри гузашта сохта шуда буд, қомат афрохтааст.

Иншооти чорошёнаи нав­бунёдро сохтмончиён бо намои замонавӣ ва истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд намудаанд.

Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут — 2000» — ум дар муддати як сол ва бо ҷалби беш аз 100 нафар коргари маҳаллӣ анҷом додааст.

Бинои таълимӣ, ки дар масоҳати 1820 метри мураб­баъ бунёд шудааст, барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати умумии иншоот бо фарогирии қитъаҳои сабзкоришуда, 5500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки бино аз 38 синфхона, 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, маҷлисгоҳ бо 344 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Китобхонаи муассиса дорои 3600 нусха китоби дарсӣ, 1400 нусха китоби бадеӣ, 1000 нусха китоби бачагона ва 450 нусха дастурҳои таълимӣ аст. Қироатхонаи он бо 40 ҷойи нишаст ва 7 компютер фарогири миқдори зиёди китобҳои гуногуни электронӣ мебошад.

Синфхонаҳои фаннии он, аз ҷумла, синфхонаҳои лингафонӣ, химия, физика ва биология, пурра бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар синфхонаи технологияи иттилоотӣ 30 компютер васлу насб гардидааст, ки ҳар кадоми он ба шабакаи интернет пайваст аст.

Ошхонаи муассиса, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад ва дар он бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба хонандагону омӯзгорон хизмат расонида мешавад.

Дар ошёнаи дуюми бино, барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон, гӯшаи шоҳмотбозӣ ва дар ошёнаи сеюм, ҷиҳати тарғиби фарҳанги миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил шудааст.

Дар таҳхона синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва анбору буғхона ҷойгир мебошад. Низоми гармидиҳии муассиса ба шабакаи мутамаркази гармидиҳии шаҳр пайваст аст.

Ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи музкур бо 32 адад камераи мушоҳидавӣ, ки дар як вақт имкони сабти ҳам навор ва ҳам садоро бо сифати баланд доранд, назорат мешавад.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, дар доираи нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст ва беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба муҳассилин ва омӯзгорон маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таълимиро дар муассисаи нав­бунёд беҳтарин номиданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқот баргузор карданд.

Сарвари давлат аз омӯзгорон масъулиятшиносӣ дар корҳои таълим ва истифодаи самараноки имкониятҳои муосирро талаб карда, хонандагонро ба донишандӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар ҳидоят намуданд.

www.president.tj