Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Турсунзода. Бефарҳангӣ дар боғи фарҳангӣ»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 19 сентябри соли 2019, № 112 (4062) (муаллиф Ёқуби Содиқ) нашр шудааст, баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки воқеан ҳам дар фаъолияти боғи фарҳангии шаҳр камбудиҳои ислоҳталаб ҷой доранд.
Шоҳидем, ки ободкорӣ дар ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз вусъат гирифта истодааст. Дар миқёси ҷумҳурӣ даҳҳо боғи фарҳангӣ аз тарафи соҳибкорон ва харҷи маблағи ғайрибуҷавӣ бунёд ва аз нав барқарор гашта истодаанд. Чун боғи фарҳангӣ-фароғатӣ моликияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба шумор меравад, мебоист маъмурияти шуъбаи фарҳанг ва масъулони боғ оид ба иҷро нагардидани қарордод бо соҳибкорон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои дахлдор, билохира, ба Вазорати фарҳанг, ба таври хаттӣ муроҷиат менамуданд. Директори боғи фарҳангӣ Саидхон Шокиров (тавре дар мақола омадааст) «… дар давоми фаъолияти корӣ боре ҳам ба нақшаи боғ шинос нашудааст», ки натиҷаи бемасъулиятист.
Новобаста аз ин, вазорат тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва сохторҳои дахлдор дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯйӣ намояд.
О. НАЗАРИЁН, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон