Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Сайфиддин Суннатиро таҳти унвони «Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост», ки дар шумораи 146 (4096) аз 3 декабри соли 2019 ба табъ расидааст, баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад:
Муаллиф кишт ва истеҳсоли заъфаронро, ки дар дигар давлатҳо аз ҳисоби он хоҷагидорон фоидаи хуб ба даст меоранд, ҳамчун зироати содиротӣ ҷиҳати ворид намудани арзи хориҷӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст. Вале бояд дар назар дошт, ки ҳама намуди зироати нав якуякбора ба бозор роҳ намеёбад. Аз ҷониби дигар, ин намуди зироат барои хоҷагидорон ношинос аст.
Барои истеҳсоли ин зироатро ба роҳ мондан дар давраи аввал ба ҳисоби миёна 21500 доллар лозим аст. Ягон хоҷагидор барои масрафи чунин маблағ имконият надорад. Аз ин лиҳоз, барои паҳн намудани зироати заъфарон, пеш аз ҳама, бозори истеъмолии онро дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ пайдо намудан лозим меояд.
Ҳамчунин, дар мадди назар бояд дошт, ки муҳлати чиниш ва хушккунии маҳсулоти асосии заъфарон, ки гули он ба ҳисоб меравад, ҳамагӣ ду ҳафтаро дар бар гирифта, қувваи дастии зиёдро талаб менамояд ва ин айём ба моҳи октябр ва аввали ноябр рост меояд.
Аз рӯи маълумоти олимон, барои зироати заъфарон иқлими хушку қумзамин созгор аст, ки дар ҷумҳурии мо мавҷуд аст. Дигар хосияти биологии заъфарон дар он аст, ки офтоби сӯзонро дӯст намедорад, дар акси ҳол ҳосилаш нисбатан кам мегардад. Аз ин рӯ, барои парвариши он минтақаҳои барои рушди ин намуди зироат мувофиқро интихоб намудан лозим аст.
Новобаста аз ин, пешниҳоди муаллиф оид ба парвариши заъфарон дар дохили ҷумҳурӣ қобили дастгирист. Ба ин хотир, бо пешниҳоди лоиҳаҳо ва ҷалби сармояи ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорат якҷоя бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
З. ЗЕВАРШОЕВ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон