Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба шинохт ва муаррифии миллат, урфу одатҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Дар ин замина воридоти сайёҳон ба ҷумҳурӣ афзуда, инфрасохтори деҳот ва сатҳи зиндагии сокинони мамлакат беҳбуд меёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ, вориди сайёҳон ба баъзе ноҳияҳо хеле кам аст. Ба ин ноҳияи Ванҷ мисол шуда метавонад. Чунончи, соли 2018 ба ноҳия 120 ва дар 11 моҳи соли 2019 -ум 150 сайёҳ ворид шудаасту халос. Ин нишондод касро ба андеша водор месозад, ки чаро ин соҳаи муҳим дар ноҳия рушд намеёбад? Ҳол он ки мавзеъҳои таърихии дар олам машҳур, аз қабили пиряхҳои бузурги Федченко, Хирсон, Кашолаях, Гармо, қуллаи Исмоили Сомонӣ, оби шифобахши Гармчашма, секунҷаи Пойи Мазор, кӯҳи Абдуқаҳҳори Сармаст, чашмаҳои минералӣ, нақби истеҳсоли оҳан дар деҳоти «Техарв», чанори азимҷуссаи Гулпочо, марқади Искандар, шаршараи баланди Барнавад дар Язғулом ва ғайра дар ин ноҳия бисёранд.
Маълум гардид, ки дар ноҳияи Ванҷ маркази қабул ва раҳнамунсозии сайёҳон ва ширкати сайёҳие вуҷуд надорад, ки ин корро ба роҳ монад.
Пайгирии масъала собит кард, ки дар фасли тобистон, бинобар баланд шудани сатҳи оби Ванҷоб, роҳ ба сӯи Пойи Мазор моҳҳо баста мешавад.
Ду пул дар роҳи пиряхи Федченко низ валангор ва ин мушкил то андозае садди роҳи сайёҳон гардидааст.
Дар даврони шӯравӣ дар мавзеи Равак фурудгоҳе мавҷуд буд, ки сайёҳону куҳнавардон пайваста аз он истифода мекарданд.
Аз сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудани он солҳои охир кӯҳнавардон бештар ба воситаи Ҷиргатол ба қуллаи Исмоили Сомонӣ сафар мекунанд.
Чанде қабл раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз коргоҳи истеҳсоли санги мармари Пойи Мазор дидан намуда, аз вазъи роҳу пулҳо ба сӯи пиряхи Федченко нигаронӣ намуд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Ванҷ Азимҷон Шамсиддинов иттилоъ дод, ки тибқи дастури Ёдгор Файзов лоиҳаи 3 пул дар мавзеи пиряхи Федченко омода гардидааст ва барои баррасӣ пешниҳод мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки барои рушди ин соҳаи сердаромад аз тамоми имконият бояд самаранок истифода шавад. Масъулини ноҳияи Ванҷ бояд дарк намоянд, ки фароҳам овардани шароити созгор барои сайёҳон боиси рушди ин соҳаи муҳим мегардад. Агар мушкилиҳо бетаъхир бартараф нагарданд, дар ин самт беҳбудиро интизор шудан имконнопазир аст.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»