Таъиноти кадрӣ

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

49485977553_39d314cac8_oЧоруми феврали соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод ва ба ин вазифа Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, ки дар вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, таъин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Мутобиқи банди 9 моддаи 69  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ва ба ин вазифа ҷиҳати додани ризоят номзадии Зоирзода Икром Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири мудофиа, муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Данғара», «Панҷ», директор ва муовинони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», комиссарони ҳарбии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, командирони қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, вобастаҳои ҳарбӣ дар назди як қатор сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар кишварҳои хориҷӣ, сардорони баъзе отрядҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сардори давлат аз вазифагузориҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва илм, таъмини амнияту субот ёдовар шуда, кадрҳои навтаъинро барои содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ даъват намуданд. Дар наз­ди масъулин барои иҷрои саривақтии дастуру нишондодҳои Паём вазифаҳои мушаххасу муҳлатнок гузоштанд.

Ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадиро бори дигар таъкид карданд, ки вазифаҳои хизматиашонро дар доираи оинномаҳои ҳарбӣ иҷро, дар ҳимояи сарҳади давлатӣ бо масъулияти ҷиддӣ ва дар ҷаҳорчӯбаи қонун амал намоянд.

- Манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият бояд аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ иборат бошад, — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

www.president.tj