Бо Қарори Шӯрои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз 2 — юми июни соли 2019 ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишкада факултети нав бо номи «Сайёҳӣ» таъсис дода шуд.
Ректори донишкадаи мазкур Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ (5-уми феврал) гуфт, ки донишҷӯёни факултети зикршуда дар мулоқот бо кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, ки дар меҳмонхонаҳои «Ҳилтон — Душанбе» ва «Ҳаят Реҷенси Душанбе» баргузор гардид, ширкат варзиданд. Донишҷӯёни бахши сайёҳӣ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои волонтёрии дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда дар чорабиниҳои марбут ба соҳаи сайёҳии мамлакат фаъолона иштирок намуда, донишу малакаашонро сайқал медиҳанд. Илова бар ин, бо мақсади рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар донишкада Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ оид ба сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва хизматрасонӣ таъсис ёфт.
Тавре зикр гардид, тибқи натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот, ки дар курси чоруми ҳама ихтисосҳои донишкада гузаронида шуд, сатҳи азхудкунии дарсҳо 81 дарсадро ташкил дод. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли қаблӣ 9 дарсад баландтар мебошад.
Ҳоло дар донишкада 169 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Афғонистон ва ИМА таҳсил менамоянд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 5,5 маротиба бештар аст.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»