Соли гузашта бунёду барқароркунии ҷангалзор дар 1714,3 гектар гузаронида шуд. Дар ин бора чоруми феврали соли равон директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҷангалпарварон бо усули решаи пӯшида (дар халтачаҳои полиэтиленӣ) парвариш кардани ниҳоли писта дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Данғара ва Қубодиён зиёда аз 130 гектарро пистазор намуданд. Ҳолати сабзиши ниҳолҳо зимни баҳисобгирии тирамоҳӣ ба ҳисоби миёна 79,3 фоизро ташкил дод.
- Дар 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал 1 миллиону 745 200 бех кӯчату ниҳолҳои дарахту буттаҳои сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда парвариш меёбанд. Қисми зиёди онҳоро сӯзанбарг ташкил медиҳад. Пистаю чормағз, санҷид, зелол, сафедор, себ, нок, зардолу, хурмо, шафтолу, анор ва ғайра низ барои шинонидан омода карда шудаанд, — гуфт Азизулло Исматзода.
Мавсуф афзуд, ки бо мақсади ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019 — 2020 ҷонварон ба 21,6 тонна резаи гандум, 4,0 тонна ҷаву шолӣ ва дигар донагиҳо, инчунин, 38,0 тонна хошоку баргу шохчаи дарахтон таъмин гардиданд.
То ин дам дар шафати шоҳроҳҳои Душанбе — Варзоб 2930 бех, Душанбе — Ваҳдат — 1603, Норак — Данғара — 3525 ва Файзобод — Роғун 2563 бех ниҳол шинонида шуд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»