Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон чоруми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз ҷониби Агентӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мелиоратсия ва обёрӣ» таҳия гардид. Айни ҳол он дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Зикр шуд, ки дар мавсими обрасонии имсола аз ҷониби истифодабарандагони об 81 фоизи ҳаққи хизмат пардохт шуд, ки нисбат ба соли пеш 3,9 млн. сомонӣ зиёд ва тайи 20 соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад.
Сохторҳои Агентӣ бо 59886 истифодабаранда шартнома баста, ба маблағи 80,4 млн. сомонӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба соли 2018-ум 886,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба як гектар замин 7,8 ҳазор метри мукааб об расонида шуд.
Мутаассифона, напардохтани ҳаққи обрасонӣ ҳоло ҳам аз мушкилоти асосӣ мебошад, ки ба рушди соҳа, хусусан, таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ, таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин замина бақияи қарз 135,3 млн. сомониро ташкил дод.
Иттилоъ гирифтем, ки ба Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, 6,5 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст.
Дар давраи мавриди назар аз тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо харҷи 1411,0 млн. кВт/соат қувваи барқ 5198,8 млн.метри мукааб об бароварда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 7,0 млн. ва 95,4 млн.метри мукааб кам мебошад.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»