30 январи соли 2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Ректори он Илҳом Амонзода гуфт, ки донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони дорои тахассуси олӣ дар бахшҳои технологӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ ва дизайн саҳми арзанда дошта, ҳамкориҳои судмандро бо беш аз 95 таълимгоҳи хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Зикр шуд, ки дар сохтори донишгоҳ 8 факултет, 19 кафедра, ду марказ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият дорад. Теъдоди донишҷӯён аз 5815 нафар иборат аст ва онҳо тибқи низоми кредитӣ таълим гирифта истодаанд.
Мутобиқи иттилои ректори донишгоҳ, бо ин мақсад дар сохтори донишгоҳ тағйирот ворид шудааст. Барои самаранок истифода бурдани неруи зеҳнӣ ва захираҳои молиявӣ дар заминаи 3 факултети донишгоҳ — менеҷменти молиявӣ ва инноватсионӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ ва инноватсионӣ се факултети дигар — «Иқтисод ва молия», «Менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ» ва «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» таъсис дода шудааст.
Ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 41 ихтисос дар зинаи бакалавр, 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва дар 9 самт аспирант тайёр мекунад.
Қобили қайд аст, ки дар донишгоҳ соли 2019 бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва эълон гардидани саноатикунонии босуръат – ҳадафи чоруми стратегӣ 100 семинару конференсияи илмӣ ва илмию амалии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардидааст.
Ба илова, дар ин ҷо дар асоси Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) Маркази омӯзишӣ — таълимии дӯзандагӣ таъсис ёфтааст.
А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»