- Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 27 млрд. 586,6 млн. сомонӣ расид ва суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 беш аз 113 фоизро ташкил дод, — изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода. — Аз маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 57,7 фоиз ба саноати коркард, 24,7 фоиз ба соҳаи электроэнергетика ва 17,6 фоиз ба саноати истихроҷ рост меояд.
Вазир афзуд, ки соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба маблағи 11 млрд. 379,9 млн. сомонӣ маҳсулот содир шуд, ки нисбат ба соли 2018-ум 979,6 млн. сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумҳурӣ асосан алюминийи аввалия (98,6 ҳазор тонна), маъданҳои тозакардашуда (316,5 ҳазор тонна), семент (1537,3 ҳазор тонна), ангишт (18,2 ҳазор тонна), намак (2300 тонна), ресмони пахтагӣ, чарм, консерваи меваю сабзавот, шарбату шираи растаниҳо, нахи пахта ва масолеҳи гуногуни сохтмонӣ содирот гардид.
Барои мисол, ба маблағи 1586590,6 ҳазор сомонӣ алюминийи аввалия, 36033,9 ҳазор сомонӣ профилҳои алюминийи рӯйпӯш, 4160,5 ҳазор сомонӣ қубур ва профилҳои металлӣ, 1600 ҳазор сомонӣ кунҷаки металлӣ, 9750 ҳазор сомонӣ сим, 8774 ҳазор сомонӣ арматура, 15168 ҳазор сомонӣ маводи таркандаи саноатӣ ва ба маблағи 4840,2 ҳазор сомонӣ тракторҳо ба давлатҳои Аврупо, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фурӯхта шуд.
Дар ин давра 219 корхонаи нави саноатӣ бо 2932 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда бошад, 149 ададро ташкил дод.
Аз корхонаҳои нав 32 адад ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — саноати сабук, 50 — масолеҳи сохтмон, 62 — саноати хӯрокворӣ, 2 — саноати маъдан ва 14 корхона ба соҳаҳои дигар марбут аст.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»