- Соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ҳашт ҷаласаи Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар онҳо 94 аризаи довталабон барои соҳиб гардидан ба мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа 73 нафар соҳиби ин тахассус гардид ва аризаи 21 нафар бинобар насупоридани имтиҳон рад карда шуд, — гуфт 7 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ вазири адлия Музаффар Ашӯриён.
- Вобаста ба бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ соли 2019-ум 531 ариза ворид гардид. Бо қарори суд дар асоси аризаи даъвогии вазорат фаъолияти 3 (соли 2018 — 11) ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд, — афзуд номбурда.
Вазир зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 186 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта, 95 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ рад карда шуд. Ҳамчунин, дар ин давра 167 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 11 филиали иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.
Таъкид гардид, ки дар ин муддат фаъолияти 147 иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида, ба 371 ташкилоти ҷамъиятӣ барои ислоҳи камбудиҳо огоҳии хаттӣ дода шуд.
Дар давраи мавриди назар ба вазорат 1692 (соли 2018-1818) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, дар нишаст дар бораи лоиҳаи қонуне сухан рафт, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар ба 1,5 сол расонида мешавад. Иқдоми мазкур ба хотири аз байн бурдани «облава» аст. Музаффар Ашӯриён иброз дошт, ки ин пешниҳоди Вазорати мудофиа аст, вале то ба ҳол дигар вазорату идораҳо хулосаи худро пешниҳод накардаанд.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»