Аз зилзилае, ки дар километри 26-уми ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дода буд, ду моҳ сипарӣ гардид. Дар натиҷаи зилзила, ки қувваи он баробари 5 балл буд, 105 хонаи истиқоматӣ дар деҳоти «Карим Исмоил», «Раҷаб Исмоил», «Бозорбой Бурунов» ва «Чорсу» пурра хароб гардида, зиёда аз 260 хона қисман вайрон шуд. Ин ҳодиса аҳли ҷомеаро бетараф нагузошт. Аз рӯзҳои аввали воқеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмак ба зарардидагон ва бартараф кардани оқибатҳои заминларза тадбирҳои амалиро пиёда месозад. Барои оилаҳое, ки хонаҳояшон хароб гардиданду имкони дар онҳо зиндагӣ кардан нест, дар майдони 16 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, ба бунёди манзилҳои истиқоматӣ шурӯъ карданд.
Барои бо ҷараёни сохтмони биноҳо ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ шинос шудан мо ба шаҳри Ваҳдат омада, хостем ҳамроҳи муовини раиси шаҳр, раиси Ситоди сохтмони манзилгоҳҳои истиқоматӣ барои зарардидагон Сарабек Холов ба минтақае, ки деҳаи нави Истиқлол бунёд меёбад, равем. Аммо, маҷбур шудем дар ҳуҷраи кории вай беш аз як соат мунтазир шавем, зеро муроҷиаткунандагони зиёд дар ин ҷо дар навбат истода буданд. Дар ин муддат рафти қабули шаҳрвандонро мушоҳида кардем. Дархости аксари муроҷиаткунандагон ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ буд. Табиист, ки ҳар як оила мехоҳад хонаи зисти алоҳида ва шароити хуби манзилӣ дошта бошад. Тавре маълум аст, солҳои охир дар мамлакат барои ҳалли ин масъалаи муҳим тадбирҳо андешида мешавад. Аз миёни муроҷиаткунандагон танҳо ду нафар — Ҳусноро Исмоилова барои ҳалли масъалаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Пистамазор ва ҷавоне бо исми Илҳомҷон барои ташкили хоҷагии моҳипарварӣ кӯмак хостанд. С. Холов ҳамаи муроҷиаткунандагонро шунида, ба саволҳояшон ҷавобҳои мушаххас дода, иброз намуд, ки ягон муроҷиат бе ҷавоб намемонад ва барои ҳалли масъалаҳои бамиёномада тадбирҳо андешида мешавад.
Табиист, ки имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таъмини оилаҳои аз зилзила зарардида дар мадди аввал меистад, зеро онҳо аз манзилҳои ободи худ маҳрум гаштаанд. Имрӯз, ки фасли сармо ҳукмрон аст, онҳо дар хонаҳои хешу таборашон муваққатан истиқомат доранд.
Вақте ҳамроҳи Сарабек Холов ба минтақаи сохтмонӣ омадем, бо вуҷуди шамоли сарду ҳавои хунук кор дар авҷ буд. Пеш аз ҳама, қатори хонаҳои хуштарҳи қоматафрохта диққати моро ба худ ҷалб кард. Ҷараёни корҳоро С. Холов мухтасар шарҳ дод:
-Тибқи лоиҳа дар ин ҷо сохтмони 110 манзили истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Алҳол бунёди 60 манзил босуръат идома дорад. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 12 хона бунёд меёбад, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Зикр кардан бамаврид аст, ки аз дигар шаҳру навоҳии мамлакат ва корхонаву муассисаҳо низ барои расонидани ёрии амалӣ ба зарардидагони заминларза ба ин ҷо омада, хона бунёд мекунанд. Аз ҷумла, вилояти Суғд 10 хона, вилояти Хатлон 8 хона, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 хона, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 хона бунёд карда, ба мардуми зарардида пешкаш менамоянд. Ҳамзамон ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, корхона ва ҷамъияту ширкатҳои «Ёқут», «Контр групп», «Фароз», «Зарафшон», БДАТ «Амонатбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», бозорҳои «Ҷалҷам» ва «Султони Кабир»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки дар ин минтақа барои сокинони зарардида манзилҳои истиқоматӣ созанд. Кори ҳамаи сохтмончиён шоистаи таҳсин аст. Табиист, ки рафти корҳо аз вазъи ҳаво низ вобаста мебошад.
Зимни боздид аз ин минтақа мушоҳида кардем, ки якчанд гурӯҳи нави сохтмончиёни маҳаллӣ ба ин ҷо омада, хоҳиши саҳмгузорӣ дар бунёди хонаҳои истиқоматии деҳаи навбунёдро доранд.
Тавре ба мо аён гардид, дар майдони сохтмони ин деҳаи нав ситодҳои доимоамалкунанда фаъолият доранд. Ҳафтае як маротиба дар ин ҷо ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва се маротиба Ситоди муштараки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат доир мегардад. Дар ин ҷо мо ҳамзамон бо муаллифони лоиҳаи деҳаи Истиқлол –директори Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуб Халифаев ва сардори Корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар шаҳри Ваҳдат Вайсиддин Давлатов вохӯрда суҳбат доштем. Тавре М. Халифаев иброз дошт:
-Дар ин иншоот рафти сохтмон бо тартиби муайян ва хуб иҷро шуда истодааст. Суръати сохтмонро танҳо боду ҳавои сард ва барфҳое, ки дар охири моҳи декабри соли 2013 борид, каме паст кард. Агар ҳавои мусоид мешуд, шояд то ин дам зиёда аз 20 хона ба истифода дода мешуд. Сохтмончиён корро қатъ накарда, саъю кӯшиш доранд, ки бунёди манзилҳои истиқоматиро ҳар чӣ тезтару босифат анҷом диҳанд. Назорати муаллифӣ бурда мешавад ва ҷараёни корҳо дар ҷаласаҳои ситодҳо мунтазам баррасӣ мегардад.
Ҷараёни рафъи оқибати заминларза дар шаҳри Ваҳдат зери назари доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад.Охири ҳафтаи гузашта Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Ваҳдат омада, бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони аз заминларза осебдида ва барқарор намудани иншоотҳои аз офати табиӣ харобгардидаи бахшҳои маориф ва тандурустӣ шинос шуд. Сарвазир ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барқарорсозии биною иншоотҳои иҷтимоиро тезонанд.
Мо аз масъулон оид ба мавриди истифода қарор додани хонаҳои истиқоматӣ пурсон шудем ва онҳо посух доданд, ки сокинони аз зилзила зарардида дар арафаи ҷашни Наврӯз дар манзилҳои нави деҳаи Истиқлол бӯрёкӯбон мекунанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»