аз 14 феврали соли 2020, № 91, ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ШЕРАЛИЗОДА Баҳодур Аҳмадҷон 25 ноябри соли 1984 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, Маълумоташ олӣ.
Соли 2007 Донишкадаи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-энергетик, соли 2011 Донишгоҳи Кассели Олмонро бо ихтисоси иқтисодиёти сиёсии ҷаҳон хатм кардааст
Унвонҷӯи факултети робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар вазифаҳои тарҷумон, менеҷер, ёрдамчии маъмур, менеҷер — маъмур, мутахассис, мушовири ташкилотҳо ва барномаҳои байналмилалӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи апрели соли 2019 дар вазифаи мушовири Созмони Милали Муттаҳид оид ба Барномаи муҳити зист ва Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Олмон «Рушди неруи Ҷумҳурии Сербия, Черногория ва дигар давлатҳои Балкани Ғарбӣ ва Ҷумҳурии Ботсвана барои ҳамкориҳои самаранок бо Фонди иқлимии сабз» ифои вазифа менамуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.