Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Исматуллозода Ш. И.

№22 (4128) 18.02.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­фармон медиҳам:

1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири ­Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020, № 1455

 

02ismatullozodaИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло 14 марти соли 1970 дар шаҳри  Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1992  Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси забоншинос ва соли  2011  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Доктори илми филология.

Дар вазифаҳои ассистент ва муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типология, муовини декани факултети филология, сардори Раёсати илм  ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фар­ҳанг»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.