Овозаи дараи зебоманзари Камарови ноҳияи Рашт ва мардуми меҳмондӯсту табиати нотакрораш тӯли асрҳо диққати ҷаҳонгардонро ба худ кашидааст. Сайёҳон баъди тамошо бошавқ аз табиати афсунгари он дар кишварҳои худ қисса кардаанд. Аз ин ҷост, ки дар дили ҳазорон сокини мамолики дуру наздик орзуи дидани ин мавзеъ пайдо шудааст.
Шоири маъруфи тоҷик Муҳтарам Ҳотам бо самимият дар бораи ин гӯшаи зебои Ватан фармудаанд:
Хуштар набувад об зи оби Камаров,
Хуштар зи ҳавову офтоби Камаров.
Гулмоҳии дил фитад ба шасти Камаров,
В-ин оҳуи дил фитад ба дасти Камаров.
Дар баробари табиати афсунгар ин дараи дилрабо макони мардуми бо нангу ор ва заҳматдӯсту ободкор аст. Пирони рӯзгордида ҳикоя мекунанд, ки ҳанӯз дар замони қадим сафи ҳунармандони ин ҷо хеле зиёд будааст. Аз дигар гӯшаву канори Раштон раисони деҳу одамони номдор меомаданд ва ҳунармандони камаровӣ, аз ҷумла, оҳангаронро ба деҳаҳои худ мебурданд, то ба ҳамдеҳаҳояшон хизмат кунанд. Дар дараҳои Ясман ва Зуғоли собиқ тумани Ҳоит даҳҳо хонаводаро вохӯрдан мумкин аст, ки аз дараи Камаров ба ин ҷо омада, сукунат ихтиёр кардаанд.
Баъди мустақилияти давлатии Тоҷикистон ҳунармандӣ дар ин мавзеъ рушд намуд. Касбҳои оҳангариву дуредгарӣ, гулдӯзиву наққошӣ хеле пеш рафт. Табақҳои хушсифати устоҳои гулдасти камаровӣ имрӯзҳо харидор доранд. Дар баробари ин, сокинони заҳматдӯст ба ободкорӣ шавқу рағбати зиёд дошта, пайи ободии Камаров самимонаву содиқона талош меварзанд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба сокинони Камаров илҳому неруи тоза бахшид. Ҳамин буд, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дастаҷамъона талош мекунанд.
Муҳаммад Коштиев — раиси ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода иттилоъ дод, ки соҳибкорон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри тозаю озода гардонидани муҳити зист, таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингарди дохилӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ камари ҳиммат бастаанд.
Дар як соли охир роҳи асосии деҳот аз деҳаи Буни Сафён то деҳаи Боғистон дар масофаи 18 километр аз ҷониби соҳибкор Олимхӯҷа Низомов, роҳҳои мошингарди деҳаҳои Баҳодурободу Шинглич ва Шулею Боғистон дар масофаи 13 километр аз ҷониби соҳибкор Ҷунайдулло Атоев таъмир ва сангфарш гардиданд. Роҳи байни деҳаҳои Буни Сафён то Санги Маликӣ ва Поҷеи Боло то Шоҳиндара бо ташаббуси раисони деҳаҳо бо усули ҳашар таъмиру навсозӣ шуданд.
Ҳоло бо саҳми соҳибкорон Бобоҷоновҳо ва Шоевҳо дар ҳудуди деҳот корҳои созандагиву бунёдкории зиёде сурат гирифтаанд. Ба истифода додани сарбанди канали обпарто дар дарёи Сорбоғ барои обёрии 10 гектар замини Хоҷагии коллективии деҳаи Поҷеи Поён, кандани чоҳи амудӣ барои оби нӯшокии аҳолии ин деҳа, бунёди ду бинои иловагӣ ва таъмиру барқарорсозии бинои бунгоҳи тиббӣ, мумфарш намудани 6 километр роҳи мошингарди дохили деҳаи Поҷеи Поён то шаҳраки Навобод, насби 2 трансформатор ва ба масофаи 2 километр кашидани хати баландшиддати барқ, муҷаҳҳаз гардонидани толори хурди варзишӣ, чароғонкунии деҳаи Поҷе ва дастгирии ниёзмандон аз ҷумлаи корҳои хайриявии ин оилаҳоянд.
Айни замон бо ташаббуси оилаи Зиёвуддиновҳо сохтмони майдони варзишии замонавӣ дар деҳаи Шуле идома дорад. Саховатпешагони дигар — Ҳ. Низомов, А. Низомов, Ҳ. Неъмонов, К. Неъмонов ва Ҳ. Эшонов баробари дастгирии оилаҳои камбизоат дар корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили таъмиру барқарорсозии пули мошингузари болои дарёи Сорбоғ, роҳи мошингарди байни деҳаҳои Шулмаку Шуле, роҳ ва пули дохили деҳа саҳми босазо гузоштаанд. Соҳибкор Сиротулло Атоев барои обёрии 6 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Хоҷаалӣ пойгоҳи обкашӣ сохта, ба истифода дод.
Бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасан Ҳасанов ва раиси деҳаи Шулмак Саймаҳмад Замонов дар деҳаи Шулмак сохтмони сартарошхона, китобхона ва бинои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ идома дорад. Атрофи муассисаи таълимии № 7 ва фароғатгоҳи деҳаи мазкур низ бо сифати баланди меъморӣ таъмиру навсозӣ гардид.
Сохтмони бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Санги Маликӣ аз тарафи соҳибкор Зиёвиддин Сафаров дар арафаи анҷомёбист. Дар деҳаи Поҷеи Поён бо ибтикори соҳибкор Маҳмадризо Ҳимматов чоҳи амудии оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар деҳаи Санги Кар бо ташаббуси раиси деҳа Иброҳим Абдураҳмонов пули мошингузар аз болои дарёчаи деҳа сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло аз ҷониби ӯ таъмиру барқарорсозии бинои иловагии муассисаи таълимии № 31 ва роҳи деҳаи мазкур идома дорад.
Дар деҳаи Варзигон бо дастгирии соҳибкорон бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо ташаббуси раиси деҳаи Боғистон Р. Салоҳов пойгоҳи обкашии Дашти Фарох таъмир гардид. Дар маҷмӯъ, соҳибкорони хайрхоҳ ба ниёзмандон беш аз 286 ҳазор сомонӣ кумак расониданд. Айни замон дар деҳот 30 мағозаи тиҷоратӣ, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 корхонаи хишти сементӣ, 4 устохонаи оҳангарӣ, 3 нуқтаи шабакаҳои телевизионӣ, 8 нуқтаи мавҷпахшкунии телефонҳои мобилӣ, дорухона, филиали «Амонатбонк», 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ, хонаи фарҳанг, 4 китобхона, маркази саломатӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ ва 20 фароғатгоҳ дар хизмати мардум қарор доранд. Амали соҳибкорони саховатпешаи деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода, ки корҳои зиёди созандагиро ба сомон расонидаанд, шоистаи таҳсин аст.
Бовар дорем, ки ба туфайли заҳмати ҳалолу созандаи сокинони дараи Камаров симои ин мавзеъ дар давоми ду — се соли оянда ба куллӣ тағйир меёбад. Хубтар мебуд, агар соҳибкорон қад-қади дарёи шӯхи Сорбоғ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бошишгоҳ, истироҳатгоҳ, меҳмонхонаю ошхонаҳо месохтанд. Ҳамчунин, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдоду забондон барои хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ ба пешрафти соҳа мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, зиёд намудани сафи донишҷӯён дар риштаи забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ, тақозои замон мебошад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»