Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок» татбиқи 5 лоиҳа — «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаҳои А ва Ф»; «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок аз километри 48 то 80», «Омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ», «Омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи автомобилгарди Лаби ҷар-Қалъаихум» ва «Сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихум-Ванҷ»-ро ба зимма дорад. Дар ин бора директори он Зафар Шарифзода 14 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, татбиқи аксари лоиҳаҳои мазкур шурӯъ шуда, барои амалисозии боқимонда гуфтушунид бо шарикони рушд идома дорад. Дар сурати татбиқи пурраи лоиҳаҳо ҳолати роҳҳо беҳтар шуда, сафари шаҳрвандон боз ҳам бароҳат ва бехатар мегардад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»