Аз 1 то 15 октябри соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
- Айни ҳол мо дар марҳилаи омодагӣ ба ин чорабинии муҳим қарор дорем. Мавриди зикр аст, ки ин масъала дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2019 таъкид гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (3 феврали соли ҷорӣ) директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа. Иттилоъ гирифтем, ки барои тарғибу ташвиқ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони Тоҷикистон 337 планшет тақдим гардидааст.
Ин дафъа барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се усул: интернет-пурсиш, бо истифода аз планшет ва усули анъанавии пур кардани саволнома дар коғаз гузаронида мешавад.
Роҷеъ ба фаъолияти Агентӣ дар соли сипаришуда қайд гардид, ки дар ин давра 9404 кори омории дар «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019» банақшагирифташуда сари вақт иҷро карда шуд. Тибқи ин барнома соли гузашта 13 таҳқиқоти оморӣ гузаронида, 42 маҷмӯаи оморӣ, 25 бюлеттен, 132 маълумот, 36 иттилооти таъҷилӣ ва 67 гузоришҳои оморӣ ба нашр расиданд.
Дар нишаст оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба хабарнигорон маълумотнома дастрас шуд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Соли 2019 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 27586,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2018 (бо нархҳои муқоисавӣ) 13,6 фоиз афзуд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2019 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 27750,4 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли гузашта (бо нархҳои муқоисавӣ) 7,1 фоиз зиёд мебошад».
Тибқи омор, соли 2019 нархи маҳсулоти зерин қимат шудааст: бехпиёз 1,9 фоиз, гӯшти гӯсфанд — 28,4, гӯшти гов — 25,9, себ — 28,1, орди навъи якум — 21,1, чой — 11,3, картошка — 8,4, биринҷ -7,6, шир — 7,3 ва тухм — 6,4 фоиз. Ҷолиб он аст, ки дар ин давра нархи сабзӣ 25,1 фоиз, карам — 20, нахӯд — 13,5 ва шакар 5,1 фоиз арзон шудааст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»