Раиси ноҳияи Варзоб Муҳамадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2019 ба дастгоҳи раиси ноҳия 2369 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба соли пеш 438 адад зиёд мебошад.
Роҷеъ ба ҳолати роҳҳои маҳаллии ноҳия, ки хабарнигорон бештар ба он мароқ зоҳир намуданд, раис иброз дошт, ки дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 160 километр роҳи автомобилгарди истифодаи умум, аз ҷумла, 69,5 км дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 90,5 км роҳҳои маҳаллӣ қарор дорад. Дар муассиса 11 адад техникаи роҳсозӣ ва дигар намуди механизмҳо мавҷуданд, ки коршоям мебошанд. Ҳолати роҳҳои маҳаллӣ дар баъзе минтақаҳои ноҳия хуб аст, аммо мутаассифона, роҳи мавзеи Харангон ба талабот ҷавобгӯй нест, зеро ду корхонаи истеҳсоли сангу шағал — ҶДММ «Воҳидиён» ва ҶДММ «Тоҷиксемент» дар ин мавзеъ ҷойгир мебошанд. Мошинҳои боркаши калонҳаҷми ин корхонаҳо роҳро вайрону валангор кардаанд. Барои корхонаҳои номбурда роҳи ин корхонаҳо алтернативӣ мавҷуд аст, вале, бинобар дур будани он ронандагон аз ин роҳ истифода мебаранд.
Маҳмадулло Шерализода дар идома гуфт, ки дар ноҳия 14 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунанд, ки 11-тои онҳо мавсимӣ мебошад. ҶДММ «ГОК-и Такоб», ҶДММ «Параллел 39» ва ҶДММ «ТАЛКО — Флюорит» фаъолияти доимӣ доранд. Новобаста аз баъзе мушкилот дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти саноати сохтмонӣ, аз қабили ангишт, семент, қум ва шағал, назаррас буд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли гузашта ба 62 миллиону 121,1 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пеш 8 миллиону 452, 1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 101 миллиону 257 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 314 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»