Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов 12 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 8437 нафар ё худ 45,5 фоиз, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1279 кас ё 22, 6 фоизро ташкил медиҳад.
Номбурда афзуд, ки соли 2019 иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар фаъолияти вазорату кумитаҳо ва мақомоти маҳаллӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Маълум гардид, ки мақомоти давлатӣ зимни баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи кадрҳои роҳбарикунанда, ташкили захираи кадрҳо, бастани шартномаи меҳнатӣ, ҷалби занону ҷавонон ба баъзе камбудиҳо роҳ додаанд.
- Талаботи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳо дар Кумитаи андоз, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қисман риоя нагардидааст. Ҳолатҳои бе озмун, яъне, то баргузории озмун, муваққатан иҷрокунандаи мансаб таъин намудан ҷой доранд, — иброз дошт Ҷумъа Давлатов.
Ба гуфти номбурда, бо вуҷуди холӣ будани мансабҳо дар Вазорати молия, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, хадамоти зиддиинҳисорӣ, алоқа, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол озмун гузаронида нашудааст.
- Таҳлили ҷойҳои кори холӣ дар мақомоти санҷидашуда маълум намуд, ки дар Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон 15, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт — 45, Шаҳритуз — 31, Кӯшониён — 29, Ҳамадонӣ — 28, Панҷакент — 24, Бобоҷон Ғафуров — 22, Мастчоҳ — 22, шаҳри Истаравшан — 21, ноҳияи Фархор — 21 ва Носири Хусраву Шуғнон 27 ҷойи кори холӣ нигоҳ дошта шудааст, — афзуд директори Агентӣ.
Иттилоъ гирифтем, ки дар доираи ҳамкории байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Дар баробари ин, Созишнома оид ба ҳамкории байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат аз ҷониби роҳбарони агентиҳои зикршуда ба имзо расид.
Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Садои мардум»