- Масъалаи асосие, ки пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи аҳолии ҷумҳуриро ба ВМКБ ҷалб менамояд, ин таъмини сулҳу субот ва волоияти қонун аст. Тавассути ҳамкории мардуми вилоят бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният ба мо муяссар шуд, ки дар давоми сол имиҷи сиёсиро баланд бардошта, сулҳу субот дар ҷомеа ва сармоягузориро ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тақвият бахшем, — гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов.
- Соли гузашта бо ташаббуси Пешвои миллат Барномаи таъмин намудани аҳолии шаҳри Хоруғ бо оби нӯшокӣ ва коркарди партовҳо ба маблағи 80 миллион сомонӣ аз тарафи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дастгирӣ ёфт. Тибқи нақша, моҳи марти соли равон дар ин самт корҳои сохтмонӣ оғоз мешаванд. Инчунин, аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион доллари ИМА барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ва 5 000 000 доллар барои пурра таъмин намудани деҳаҳои дурдасти вилоят бо қувваи барқ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҷудо гардидааст.
Тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба вилоят зиёда аз 80 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва шахсони алоҳида дар вилоят зиёда аз 200 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
- Дар умум, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ВМКБ 613 иншооти дигар бо маблағгузории давлатӣ, шарикони рушд ва сектори хусусӣ сохта мешавад, — афзуд мавсуф.
- Дар давраи мавриди назар, инчунин, аз ҷониби ташкилотҳои Оғохону Созмони Иттиҳоди Аврупо қариб ду миллион евро ҷудо гардид, ки ба сохтмони мактаби замонавӣ, шаш майдончаи варзишӣ, таъмин намудани сокинони маҳаллаҳои заводи нону Бизмичи маркази вилоят бо оби нӯшокӣ равона мешавад, — идома бахшид раиси вилоят.
Зикр шуд, ки тавассути ҳамкориҳои судманди давлати Швейтсария бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ВМКБ 10 миллион доллар ва шарикони рушд зиёда аз шаш миллион доллар, аз ҷумла, 600 ҳазор доллар барои таъмири роҳи Бартанг, ҷудо гардид. Ҳамчунин, барои баҳри беҳтар таъмин намудани аҳолӣ бо қувваи барқ, пайваст намудани шабакаҳои барқии вилоят бо шабакаи ҷумҳуриявӣ, яъне, сохтани хати баландшиддати 110 киловатта аз мавзеи Шидзи ноҳияи Рӯшон то Ванҷ, зиёда аз 10 миллион доллар аз тарафи шарикони рушд ҷудо шудааст.
Сипас, раиси ВМКБ ба пурсишҳои журналистон оид ба камшавии таваллуд дар вилоят, муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии воридоти машруботи спиртии ғайристандартӣ, доруворӣ, худкушии ҷавонону наврасон ва дигар масоили мубрам ҷавобҳои мушаххас дод.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»