Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

№24 (4130) 22.02.2020

То баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз даҳ рӯз камтар вақт мондааст. Ҳоло тарғиби номзадҳо, вохӯрии онҳо бо интихобкунандагон идома дорад. Комиссияҳои ҳавзавии интихобот иброз медоранд, ки ба ин маъракаи сиёсӣ омодаанд.

DSC_0026 55         копияРаиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Исмоили Сомонӣ, №2 Комил Шарипов иброз дошт, ки ҳавзаи онҳо ба интихобот омодагии комил гирифтааст.

Бино ба маълумоти номбурда, дар ҳавзаи интихоботии якмандатии мазкур 53 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла 40 участка дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 13 участка дар ноҳияи Синои пойтахт таъсис ёфтааст. Теъдоди овоздиҳандагон дар ҳавза 82 500 нафар ба қайд гирифта шуда, ба участкаҳо маълумоти зарурӣ ­дастрас гардидааст. Айни ҳол тақсимоти хабарномаҳо ба интихобкунандагон низ ба поён расид.

- Комиссияи ҳавзавии ҳавзаи интихоботии якмандатии Исмоили Сомонӣ №2, аз 9 нафар иборат мебошад, ки ба ҳар кадом назорати 6 участка вобаста шудааст. Аъзои он ҳар рӯз баъд аз маҷлиси пагоҳӣ ба участкаҳо рафта, назорат мекунанд, то кор дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирад, — иброз дошт Комил Шарипов ва афзуд: — Аз ҳавза номзадии 5 нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз Ҳизби аграрии Тоҷикис­тон (Шералӣ Раҳматуллоев), Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (Меҳринисо Убайдуллоева), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (Миҷгона Рустамова), Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (Парвина Меликова) ва як нафар ба тариқи худпешбарӣ (Дилшод Раҷабов) ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ гуфт, ки панҷум ва ҳафтуми феврали соли равон якҷо бо мутасаддии назорати интихобот дар шаҳри Душанбе, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 13 участкаро хабар гирифта, аз рафти омодагиашон ба интихобот огоҳ шуданд. Ҳамчунин, афзуд, ки нозирони байналмилалӣ низ аз участкаҳо дидан карда, баҳои мусбат доданд.

- Айни замон марҳилаи тарғиб ҷараён дорад ва бо ташаббуси комиссияи ҳавзавӣ ду вохӯрии номзадҳоро бо интихобкунандагон 11 ва 18-уми феврал доир намудем. Баргузории вохӯрии дигарро 25-уми феврал дар нақша гирифтаем, — зикр кард Комил Шарипов.

 М. УСМОН, «Садои мардум»

******

Масъулони Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик омодагиро ҷиҳати баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ хуб ба роҳ мондаанд. Ноҳияи Темурмалик бо ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон шомили ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Восеъ, №39 мебошад.

Тавре раиси Комиссияи ноҳиявии ҳавзаи мазкур дар ноҳияи Темурмалик Шамсулло Сатторзода иброз дошт, дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст, ки ҳама бо қуттиҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои сайёр ва маълумоти иттилоотӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардонда шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, шумораи интихобкунандагон дар ноҳия 30 492 нафарро ташкил медиҳад, ки 1018 нафарашон бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.

- Айни ҳол аз ноҳияи Темурмалик як нафар номзад аз тариқи худпешбарӣ пешниҳод шудааст. Аз тарафи ҳизбҳои сиёсии кишвар шаш номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи номбурда номнавис гардидаанд, — гуфт Ш. Сатторзода ва афзуд, ки омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ пайваста зери назорат қарор дорад.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»

******

Дар ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавсӣ, №1 омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи парлумонӣ идома дорад.

Тавре раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии мазкур Аъзамқул Эшонқулов иттилоъ дод, аз ҳавза 4 нафар ҳамчун номзад барои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шудаанд, ки якнафарӣ аз ҳизбҳои халқии демократӣ, коммунистӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва як нафар ба таври худпешбарӣ барои курсии вакилӣ мубориза мебаранд. Дар ин ҳавза 45 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст, ки 15-тоаш дар ноҳияи Сино мебошад. Шумораи интихобкунандагон 84 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 930 нафар бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд.

Тамоми муқаррароти қонунгузорӣ дар ҳавза иҷро гардидааст. Аз ҷумла, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ сари вақт таъсис дода, чораҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот андешида шудааст. Ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ва қуттиҳо барои партофтани бюллетенҳо омодаанд. Аъзамқул Эшонқулов гуфт, ки хабарномаҳо ба интихобкунандагон пурра дастрас гардидааст.

Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ омодагиро барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот ба анҷом расонидааст. Тавре раиси комиссияи мазкур иброз дошт, дар 37 ҳавзаи ноҳиявӣ номзадии 109 нафар — 37 нафар аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, як нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва 82 нафари дигар ба таври худпешбарӣ ба қайд гирифта шудааст, ки барои 37 ҷой мубориза мебаранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»