Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мақолаи нашрнамудаи рӯзномаи «Садои мардум» (аз 22 январи соли 2013 таҳти №11 (2996)- ро дида баромада, чунин иттилоъ медиҳад. Дар фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ба ҳайси яке аз чорабиниҳои фаъоли мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад.
Аз ин хотир, ба ҳолати 20 декабри соли 2013 Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани ярмаркаҳои соҳавӣ ва минтақавии ҷойҳои кори холӣ аз ҷониби Агентӣ мавриди амал қарор дода шуд.
Мувофиқи нақшаи болозикр аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 685 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузуронида шуд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, вилояти Суғд 250, вилояти Хатлон 275, шаҳри Душанбе 24 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 маротиба чунин чорабиниҳо ташкил ва баргузор гардиданд.
Дар ин ярмаркаҳо 8720 корхонаю муассисаҳо иштирок карда, ба корҷӯён 145416 ҷойҳои кори холиро пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ 7929 нафар шаҳрвандон ба ҷои кор роҳхат гирифтанд. Дар баробари ин, тавассути ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ 4464 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзӣ ва 1171 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок роҳхат гирифтанд. Дар маҷмӯъ тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ давраи баррасишаванда 12142 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 2028 нафар занон ва 1970 нафар ҷавонон ба шуғлҳои гуногун ҷалб шуданд.
Илова ба ин, бо мақсади таъмин намудани дастрасии оммавии шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба иттилоот дар самти хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва табодули иттилоот миёни сохторҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма дар шабакаи Интернет сомонаи «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кори холӣ» бо суроғаи www.kor.tj фаъол аст, ки феълан дар ин сомона шумораи ҷойҳои кори холӣ пешкаши корҷӯён мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ пешниҳоди маълумот аз ҷониби корфармоён оид ба ҷойҳои кори холии мавҷуда нақши муҳим дорад.
Б.БАРОТОВ, муовини якуми директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон