Якуми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Халқии Хитой, роҳбари Дафтари комиссияи Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба корҳои хориҷӣ Ян Тзечиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Хитой ҳамчун шарикони стратегӣ ва ҳамсояи наздик ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ҳамеша ҳавасманд мебошанд.
Сипас, ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хитой дар доираи муколамаи байниҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре таъкид карда шуд, робитаҳои байниҳизбӣ, ки ҷузъи таркибии муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Хитой ба ҳисоб мераванд, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардуми ду давлат мусоидат менамоянд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, саноатию кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, фарҳангу гуманитарӣ, маориф ва илму технологӣ табодули афкор ва татбиқи воқеии Барномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Хитойро, ки дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» таҳия гардидааст, муҳим арзёбӣ намуданд.
Вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой дар самтҳои вобаста ба амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир низ аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо буданд.
www.president.tj