Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» бо мақсади мусоидат ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона гардидааст, ки барои таъмини амнияти экологию озуқаворӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ёқубзод, О.Сафаров, М.Ҳисориев ва Р.Латипов таҳия ва пешниҳод шуда буд.
Ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки сол аз сол таваҷҷуҳ ба масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бе халалдор намудани мувозинати экологӣ, меафзояд. Низоми биологии пешбурди истеҳсоли кишоварзӣ на танҳо даст кашидан аз истифодаи нуриҳои минералии синтетикӣ ва пеститсидҳо мебошад, балки он ба тадриҷан коҳиш додани истифодаи воситаҳои химиконӣ ва гузаштан ба хоҷагидорӣ тавассути татбиқи чораҳои алтернативии агрономиро дар назар дорад.
Ғайр аз ин, риояи тавозуни экологӣ дар раванди истеҳсолоти кишоварзӣ мақсади асосии хоҷагидории биологӣ буда, ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар назар дошта шудааст, ки талабот ба он дар ҷаҳони имрӯза сол то сол рӯ ба афзоиш дорад. Яке аз ҳадафҳои асосии қабули ин қонун ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ворид гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шароити мусоид барои соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати рақобатпазир намудани маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти хоҷагидории биологиро муқаррар намуда, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти биологиро ба танзим дароварда, дар муттаҳид сохтан ва инкишоф додани соҳаи экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию ҷамъиятии онҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошта, банақшагирӣ, идоракунии хоҷагӣ ва ҳамчунин усулҳои истеҳсолотро дар бар гирифта, ба нигоҳдории тавозуни табиӣ, организмҳои зинда ва муҳити зист мусоидат менамояд.
Бинобар ҳамин, маҳсулоти таъиноти кишоварзӣ, ки ба намоиш гузошта ё ба фурӯш бароварда мешавад, бояд бо меъёрҳои истеҳсолоти биологӣ мутобиқат карда, аз рӯйи борҷомааш нишону аломати мувофиқат ва навиштаҷоти дахлдор дошта бошад.
Ҳангоми истеҳсолоти биологӣ-ҳосил кардан, нигоҳ доштан, коркарди маҳсулоти озуқавории соҳаи кишоварзӣ бо риояи сертификатсияи маҳсулоти биологӣ бо татбиқи моддаҳои сунъии кимиёвӣ мутобиқи талаботи меъёрҳои истеҳсолоти биологӣ, ки қонуни мазкур муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад.
Принсипҳои асосии хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ, пеш аз ҳама, ба риояи мувозинати экологии табиат татбиқи усулҳои самарабахши истифодаи захираҳои табиии барқароршаванда, механизми истифодаи самараноки замин, навъҳои тухмии серҳосили бо маҳал мувофиқ, мубориза бурдан ба муқобили ҳашароти зараррасон, касалӣ, алафи бегона ва истифодаи оқилонаи захираҳои об вобаста аст.
Субъектҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи истеҳсолоти биологӣ ҳуқуқи фаъолият кардан дорад, уҳдадоранд бо мақсади амалӣ гардидани фаъолияти пешгирифта дар мақомоти ваколатдори давлатӣ расмиёти аз қайд гузаштани маҳсулоти биологии истеҳсолшударо ҳатман риоя намоянд.
Фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар асоси маълумотномаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
-пеш аз ҳама, ном ва суроғаи субъекти хоҷагидор, маҳали воқеъгардидаи қитъа ва биноҳое, ки амалиёти истеҳсолӣ ба роҳ монда мешавад, хусусияти амалиёти истеҳсолӣ ва хосияти маҳсулоти биологӣ, номи мақоми бозрасӣ ва сертификатсияи маҳсулоти биологӣ ва дигар уҳдадориҳое, ки аз қонуни мазкур бармеояд.
-маҳсулоти биологӣ мувофиқи талаботи қонуни мазкур бояд, ки аз дигар намуди маҳсулот ҷудо коркард шавад. Агар маҳсулоти биологӣ аз дигар маҳсулот ҷудо гузошта ё мувофиқан тамғагузорӣ нашуда бошад, дар якҷоягӣ нигоҳ доштан, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳоро қонунгузорӣ қатъиян манъ намудааст.
Бинобар ҳамин, барои пешгирии олудашавии муҳити зист ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти биологӣ, маводи борҷома, контейнер ё зарфҳое, ки дар истеҳсолоти биологӣ истифода мешавад, бояд ба меъёрҳои эътирофнамудаи байналмилалии санитарию гигиенӣ, регламентҳои техникӣ ва стандартҳои маҳсулоти биологӣ мутобиқат намояд.
Маҳсулоти экологӣ ҳамон вақт пок ба ҳисоб меравад, ки аз таҳқиқоти лабораторӣ гузашта, дар таркиби он моддаҳои ҳаддашон ҷоизи манъкардашударо наёфтаанд ва аз ибтидо бе истифодаи ҳар гуна нуриҳои органикӣ, саноатӣ ва маводи заҳрогини кимиёвӣ парвариш шудааст. Яъне, раванди ҳосил кардани ин гуна маҳсулот дар он ҷамъ шудани маводи зарароварро истисно мекунад.
Дар қонун инчунин салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ ҳамаҷониба нишон дода шудааст.
Маҳмадамин ҲИСОРИЕВ,
муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин