Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби занону духтарон, ҷалби занону бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва бо ин васила, мусоидат ба ҳаёти осоишта ва рӯзгори босаодати онҳо заминаи мусоид фароҳам шуд.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба дастгирии давлатии занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир ҷиҳати ба мақоми роҳбарикунанда ҷалб намудани занон ва таъмини шароити мусоиди кору зиндагии онҳо иқдоми зиёд амалӣ шуд.
Ҳоло занон дар мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Бо мақсади танзими ҳаёти занон ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо ҳоло дар мамлакат санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатию миллӣ қабул ва дар амал татбиқ шуда истодаанд. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».
Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан муайян мешавад.
Боиси сарфарозист, ки дар байни омӯзгорон сафи занҳо афзудааст ва онҳо дар пешбурди ин касби пуршараф саҳми назаррас доранд.
Итминони комил дорем, ки аз ғамхориҳои Давлату Ҳукумат бонувону модарон неруву тавони нав гирифта, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар шукуфоии Ватани маҳбубамон беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳанд намуд.
Басгул ЯҚУБОВА, муаллимаи калони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе