Журналистика чун дигар соҳаҳо баробари замон рушд мекунад. Ҳоло журналистикаи тоҷик нисбат ба 100 соли пеш ба соҳаи серпаҳлу табдил ёфта, дар он равандҳои нав ба вуҷуд омаданд. Ин таҳаввул зарурат пеш меорад, ки рӯзноманигорон мутобиқ бошанд. Асри XXI-ро асри иттилоот гуфтаанд ва дар ин давра муборизаҳо маҳз тавассути воситаҳои ахбори омма ҷараён мегиранд. Дар сурати бо донишҳои замонавӣ «мусаллаҳ» набудани кормандони соҳа, тоб овардани онҳо дар мубориза бо рақибон душвор мегардад.
Аксари кормандони расонаҳои давлатӣ хатмкардаи замони шӯравӣ буда, таҷрибаи зиёда аз 30-солаи корӣ доранд. Дар ин миён нафароне низ ҳастанд, ки барои кор ба матбуот ва радиову телевизион аз дигар соҳаҳо омадаанд. Ба ҳунари навиштани аксари онҳо касе шак надошта, баъзеашон миёни мардум машҳур шудаанд. Масъалае, ки боиси ташвиш аст, ба такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ҷолиб нашуданашон мебошад.
Муҳаққиқону коршиносони соҳа низ бар ин назаранд, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ барои кормандони ВАО ҳатмист. Устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷовид Муқим андеша дорад, ки ақаллан ҳар панҷ сол кормандони ВАО ба бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд:
- Агар ин корро накунем, донишу малакаи журналистон аз равандҳои ҳаррӯза ақиб мемонад, — изҳор дошт номбурда ва афзуд: — 10 сол пеш, ҳангоми сафар ба маҳалҳо ва шинос шудан ба идораи нашрияҳои маҳаллӣ, ин чиз хеле хуб ба назар мерасид. Кормандон аз дастовардҳои техникаву технологияи соҳаи иртиботот хабар надоштанд ва аз дастгоҳҳои куҳна истифода мекарданд. Ҳозир вазъият дигар шудааст ва ин мушкилотро бояд ВАО ҳал кунанд.
Ҳамсуҳбатам аз он нигарон аст, ки дар замони чандрасона шудани журналистика на ҳама кормандони ВАО аз ин усулҳо истифода мекунанд.
Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов изҳор дошт, журналистика аз шумори касбҳоест, ки намояндагони пешаҳои дигар низ ба он машғул шуда истодаанд.
- Замони шӯравӣ барои журналистон гузаштан аз курси такмили ихтисос панҷ сол ҳатмӣ буд. Аз журналистоне, ки дар нашрияҳои ноҳиявӣ кор мекарданд то журналистони воситахои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаштанд. Ин зарурат то ҳол боқӣ аст. Журналистика аз ихтисосҳоест, ки ҳамеша дар такомул буда, бо навигариҳои замони муосир журналистон аз ҳама бештар кор мегиранд.
Аз ҷониби дигар, барои онҳое, ки истеъдод ва маҳорати эҷод кардан доранду дипломи журналистӣ надоранд, яке аз меъёрҳо бояд гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос бошад, — таъкид кард номбурда.
Коршиноси соҳа Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ барои журналистони дипломдор ҳам такмили ихтисос зарур аст.
- Ақаллан соле як бор ба курсҳои кӯтоҳмуддат, тренингу семинарҳое, ки созмонҳои ватанӣ ва баъзан ташкилотҳои хориҷӣ мегузаронанд, бояд журналистон фаро гирифта шаванд, — зикр кард ӯ.
Номбурда оид ба камтар ҷалб шудани намояндагони нашрияҳои давлатӣ ба курс ва семинарҳои омӯзишӣ сухан ронда, минҷумла гуфт:
- Дар бисёр курсҳои омӯзишӣ, ки кормандони ҷавон аз нашрияҳои ҳукуматӣ даъват мешаванд, иштирок намекунанд. Зарур ва ногузир аст, ки дар ин маврид мувозинат бошад. Фарз кардем аз 20 нафар, 10 кас аз нашрияҳои ҳукуматӣ ва боқимонда аз нашрияҳои ғайриҳукуматӣ даъват шаванд. Аз ҷониби дигар, чунин тарзи кор барои хубтар гузаштани раванди омӯзиш мусоидат мекунад.
Муҳаққиқи ҷавон, номзади илмҳои филологӣ Хушдил Раҳимҷонов мегӯяд, зарурат ба такмили ихтисоси кормандони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ҳамеша вуҷуд дошту дорад. Ба андешаи ӯ, на танҳо такмили ихтисос, балки бозомӯзӣ низ барои кормандони воситаҳои ахбори омма амри зарурист.
Академияи ВАО ҳамаро фаро гирифта метавонад?
Чор сол пеш бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ВАО Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» (Академияи ВАО) таъсис ёфт. Вобаста ба нақши он дар такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии журналистон профессор Ҷовид Муқим мегӯяд, ки академия вазифаашро иҷро карда истодааст, вале на ҳар идора имкон дорад, ки бо пардохти маблағ кормандашро ба ин ҷо фиристад.
- Ғайр аз Академияи ВАО, созмонҳои байналхалқии журналистӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии ватанӣ низ курсҳои омӯзиширо ташкил мекунанд. Мутаассифона, баъзе аз редаксияҳо кормандонашро барои омӯзиш ба тренингу семинарҳо намефиристанд ё нафареро мефиристанд, ки нисбатан бекор аст, — гуфт номбурда.
Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов низ иштироки пайвастаи кормандони ВАО-ро дар семинару тренингҳои омӯзишии Академияи ВАО аз аҳамият холӣ намедонад.
Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ки бо фаъол шудани Академияи ВАО силсилаи омӯзишҳо ба роҳ монда шудааст, вале он на ҳамаи рӯзноманигоронро фаро мегирад. Бинобар ин, роҳи дигари тавсеа бахшидани ин раванд дар семинарҳои омӯзишие, ки созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис медиҳанд, иштирок кардан аст.
Сатҳи касбияти тренер бояд баландтар бошад
Борҳо дар тренингу семинарҳои омӯзишӣ ширкат кардам. Мутаассифона, баъзан дар онҳо нафароне ба ҳайси тренер ҷалб мешаванд, ки ба журналистика ва мавзӯи омӯзиш рабт надоранд. Ё сатҳи касбияташон пасттар аз касбияти даъватшудагон аст. Профессор Ҷовид Муқим, ки таҷрибаи зиёди тренерӣ дорад, мавҷудияти ин мушкилро эътироф кард.
Сангин Гулов доир ба ин масъала изҳор дошт, ки созмондиҳандагони барномаи омӯзишӣ баъзан барои амалӣ сохтани лоиҳа ва амалисозии «аҳдоф» мутахассисони хориҷиеро даъват мекунанд, ки бо арзишҳои миллӣ ва муҳити иттилоотии кишвар чандон ошно нестанд.
- Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳамон стандартҳоеро ки дар кишварашон роиҷ аст, татбиқ кунанд. Баъзе коршиносони маҳаллӣ, ки ба семинарҳо ба ҳайси тренер ҷалб мешаванд, на дар он сатҳ қарор доранд, ки бояд дарс гӯянд, — гуфт ҳамсуҳбатам.
Ба ҷойи хулоса
Журналистикаи замони муосир бо суръати баланд рушд дошта, қафомонӣ аз ин раванд метавонад рақобатпазирии ВАО-ро коста гардонад. Аз ин рӯ, муассисони ВАО-и давлатиро мебояд нисбат ба тақдири расонаҳо саҳлангорӣ накунанд. Аксар муассисони ВАО-и мустақил ба шарофати лоиҳаҳои гуногун кормандонашонро ба пешрафтатарин давлатҳои дунё ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва табодули таҷриба равон мекунанд. Вале кормандони ВАО-и давлатӣ аз ин раванд дар каноранд. Муҳаққиқи соҳа Дӯстмурод Бобоев ба ин назар аст, ки кормандони расонаҳои давлатӣ бояд барои табодули таҷриба ва бозомӯзӣ лоақал ба ВАО-и кишварҳои нисбатан пешрафтаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фиристода шаванд.
Дар сурати ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро нагирифтани кормандони ВАО кор давом меёбад, вале манфиат аз ин раванд тамоюли коҳишёбиро касб хоҳад кард.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»