Владимир Путин имкон дорад боз ду давраи дигар Президент интихоб шавад
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар ҷаласаи пленарии Думаи давлатӣ иштирок ва вобаста ба тағйирот ба Конститутсияи мамлакат маърӯза кард.
Зимни баррасӣ вакили Дума, нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова пешниҳод намуд, ки ба Конститутсия дар бораи бекор кардани муҳлати президентӣ тағйирот ворид карда шавад. Ӯ пешниҳодашро бо он асоснок намуд, ки «иштироки Владимир Путин дар интихоботи навбатӣ омили оромии ҷомеа хоҳад буд». Ин пешниҳод аз ҷониби дигар вакилон дастгирӣ ёфт.
Сомонаи Думаи давлатӣ
Радаи Олӣ Сарвазири нави Украинаро тасдиқ кард
Тавре иттилоъ дода будем, Сарвазири Украина Алексей Гончарук чанде пеш аз мансаб истеъфо дод. Баъди вай прокурори генералии мамлакат Руслан Рябошапка низ ба истеъфо рафт. Вакилони парламент ӯро дар вайрон кардани системаи прокуратураи мамлакат айбдор медонанд.
Дар ҷаласаи фаврии Радаи Олӣ, ки бо ширкати Президенти мамлакат В. Зеленский доир шуд, Денис Шмигал ба вазифаи Сарвазир тасдиқ карда шуд.
«Газета РУ»
Соҳиба Ғафорова Раиси парламенти Озарбойҷон интихоб гардид
Дар таърихи Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустин маротиба зан – Соҳиба Ғафорова Раиси парламент интихоб гардид. Номзадии ӯро ба ин вазифа ҳизби ҳокими «Озарбойҷони нав» пешниҳод намуд. Ба тарафдории Соҳиба Ғафорова аз 125 вакил 116 нафар овоз доданд.
Соҳиба Ғафорова соли 1955 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Озарбойҷон, доктори илмҳои филологӣ мебошад. Беш аз 30 сол дар Донишгоҳи славянии Боку кор кардааст. Дар даъвати панҷуми парламенти Озарбойҷон ба сифати вакили мардумӣ фаъолият дошт.
РИА «Новости»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»