Наврӯзи Ҳисор ва махсусиятҳои он

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

DSC01741Водии Ҳисор бо табиату иқлим, фарҳангу адабиёт ва дигар хусусиятҳояш машҳур аст. Ҷашни Наврӯз дар Ҳисори Шодмон аз даврони қадим бошукӯҳ барпо мегашт ва мардум онро ҳамчун иди воқеии табиату ҳаёт мешинохтанду арҷ мегузоштанд.

 Гулгардонӣ

Дар Ҳисори тоинқилобӣ гулгардонӣ яке аз суннатҳои наврӯзӣ буда, он вобаста ба чигунагии ҳаво дар охирҳои моҳи феврал ва ё аввали моҳи март баргузор мешуд. Ҷавонону наврасон аз кӯҳу адир гули сияҳгӯш ё гули наврӯзиро (гули баҳман, гули зардак) бо решааш канда, ба хона меоварданд ва рӯи ҳавлӣ мешинонданд. Вақте ки он шукуфт, маросими гулгардонӣ оғоз меёфт. Ҷавонон гул дар даст хона ба хона мегаштанд. Толибилмони Мадрасаи Нав, Мадрасаи Куҳна, Мадрасаи Чашмаи Моҳиён гулгардонӣ мекарданд, то баҳри худ тӯшае ба даст оранд. Зеро аксарият мусофир буданд. Наврасону толибилмон ба дари хонаҳо омада, чунин таронаро мехонданд:

Сано гӯем, сано гӯем,

Аввал номи Худо гӯем.

Ба пайғамбар дуо гӯем,

Баҳори нав муборак бод!

Чу лаклак бар Ҳисор омад,

Ба ҳар шохи чанор омад.

Зимистон буд, баҳор омад,

Баҳори рафта боз омад.

Ҳама гулҳо гули гандум,

Маломат мекунад мардум.

Биё, соқӣ, сарат гардум,

Баҳори нав муборак бод!

 

Кадбону ба иштирокчиёни гулгардонӣ таом ё танга туҳфа мекард. Ва гулҳоро ба абрӯвонаш молида мегуфт: «Илоҳо, ба солу моҳи нав расон ва бедарду ғам кун».

 Хонабаророн

Мардум як-ду ҳафта пеш аз фарорасии Нав­рӯз кӯрпаву палосҳоро ба берун бароварда, хонаро тамиз мекунанд, кӯрпаҳою пардаҳоро мешӯянд ва хушбӯӣ мезананд. Девори хонаҳоро сафед намуда, дегу зарф­ҳоро шуста, ҳавлиро тоза менамоянд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву рӯзи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз гирӣ, ҳамон сол бо хушу хурсандӣ мегузарад.

 Чоршанбеи охирон

Дар Ҳисор то солҳои 1950 дар рӯзи чоршанбеи охирони моҳи сафар занҳо дар ҷое, ки аз назари умум пинҳон бошад, се гулхани начандон калон меафрӯхтанд. Маротибаи аввал аз болои онҳо бо нав­бат ҷаҳида мегузаштанду аз он тараф боз ҷаҳида бармегаштанд. Маротибаи сеюм ҷаҳида мерафтанду сипас ба қафояшон нигоҳ накарда меомаданд ва ягон зарфи куҳна, лабшикаста, ҷағоварда ё сирпаридаро ба санге зада мешикастанду ба хона бармегаштанд. Ин амал чунин маънӣ дошт, ки ашёи шикаста бо соли куҳна бебозгашт равад.

Баъзеҳо ба оташи чоршанбесурӣ испанд низ ҳамроҳ мекарданд ва муътақид буданд, ки манфиаташ бештар мешавад. Мутобиқи маълумоти сокини куҳансоли ноҳияи Ҳисор Муҳаррам Қудратова, баъзе аз занҳо аз хокистари маросими чоршанбеи охирон як мушт гирифта, дар латта нигоҳ медоштаанд ва дар вақти зарурӣ онро барои давои тифлҳое, ки ғаш мекунанд ва беист мегирянд, истифода мебурдаанд.

 Таҷлили Наврӯз дар Ҳисори тоинқилобӣ

Дар шаҳри Ҳисор дар замонҳои пеш фарорасии Наврӯзро ба таври дигар эълон мекардаанд. Сокини куҳансоли деҳаи Ҳисор  Абдуҳалим Раҳимови 96-сола дар бораи ҷашни Наврӯз дар Ҳисори тоинқилобӣ чунин ҳикоя мекунад: «Моҳи ҳамал, вақте ки офтоб ба тарозу меомад, тӯпҳои назди дарвозаи арки қалъа аз рӯи деворҳои он шиллик мекарданд. Бек ба ошпазону нонвойчиёни шаҳр фармон медод, ки рӯзҳои ид ба бачагон бепул як коса ошу якто нон диҳанд».

Мувофиқи иттилои сокини Қаратоғ Арбоб Яъқуб, ки яке аз шахсони бомаърифат ва донандаи русуми мардумӣ буд, «он вақт мири Ҳисор зимистон дар Ҳисор буд ва дар тобистон ба Қаратоғ меомад. Амир дар наврӯзгоҳи Ҳисор Соли навро баргузор намуда, ҳатман гӯштин, бузкашӣ, пойгаҳ ва масхарабозиву дорбозӣ ташкил мекард. Соли навро дар давоми моҳи ҳамал чаҳор ҳафта бо навбат таҷлил менамуданд. Агар ҳафтаи аввал дар Деҳнав ҷашни Наврӯзро баргузор намоянд, ҳафтаи дувум дар Ҳисор, ҳафтаи севум дар Кӯлоб ва ҳафтаи чаҳорум дар Дарвозу Қаротегин Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар тамоми идҳои наврӯзӣ мири Ҳисор ва ё намояндагонаш ширкат меварзиданд. Таҷлили Наврӯз ба он хотир ба навбат дар миригариҳои Бухорои Шарқӣ баргузор мегардид, ки ҳангоми гӯштин ва ё бузкашию дигар намудҳои варзиш паҳлавонҳо ва аҳли ҳунари ҳама минтақаҳо ширкат варзида тавонанд. Дар давоми 35 — 40 рӯз иди сари сол — Наврӯзро бо бисёр суннату анъанаҳои қадимиаш ҷашн мегирифтанд.

Дар Қаратоғ ва гирду атрофи он соли навро ҳашт рӯз ид мекарданд. Соли нав мир ба Ҳисор мерафт. Шаш моҳ дар Қаратоғ меистод ва тирамоҳ зимистон дар Ҳисор мезист. Иди соли нав, ки гузашт, баъд боз ба Қаратоғ меомад.

 Наврӯзи Қаратоғ

Шаҳри Қаратоғ дар замони тоинқилобӣ ҳамчун пойтахти тобистонаи бекигарии Ҳисор ба шумор мерафт. Ҷашни Наврӯз дар шаҳр ва деҳоти атрофи он дорои вижагиҳои хос буд. Тавре ки куҳансолон нақл мекунанд, ҳамин ки Нав­рӯз наздик мешуд, занҳои деҳа серкор мешуданд. Онҳо аз лой аспак, ҳуштак ва ҳайкалчаву бозичаҳо сохта, баъди дар хумдонҳо «пухтан» нақшунигор дода, зебу зинат бахшида, дар рӯзҳои иди Наврӯз ба фурӯш мебароварданд. Дар иди сари сол — Наврӯз занҳо ва хосатан, наварӯсон либосҳои парпардори зебои аз абра ва атлас дӯхташударо пӯшида, бо қалъагӣ, ӯсмаву сурма ва хушбӯиҳои дилрабо худро оро дода, ба аёдати наварӯсон мерафтанд. Дар арӯсхонаҳо даф зада, лабчанг навохта, дилхушиву таронасароӣ карда, рӯзро бегоҳ менамуданд.

Дар рӯзҳои баъдӣ занҳо аз гандум, мош, нахӯд, лӯбиё, биринҷ ва гиёҳҳои хуштаъми баҳорӣ оши кӯча пухта, «деги дарвешон» — гӯён ба мардум тақсим менамуданд.

Бойҳои Қаратоғ дар дегҳои бузург палав пухта, ба аҳли деҳа мехӯрониданд, ки онро ҳам «деги дарвешон» меномиданд.

 Дастархони наврӯзӣ

Тавре ки куҳансолони Ҳисор нақл мекунанд, то солҳои 1950 дар айёми Наврӯз дастархонҳои наврӯзиро бо хӯришҳои гуногун оро медоданд. Дар суфраи бисёр хонаводаҳо ҳафт мева мегузоштанд. Ба ҳафтмева: анор, себ, нок, ангур, чормағз, бодом ва ғӯлинг ё зардолуи хушк дохил мешуданд. Баъзеҳо мувофиқи имкон ба ҷойи баъзе аз онҳо меваҳои дигар, ба мисли пиставу тутмавиз ва ғайраро мегузоштанд. Дар хонаҳои шахсони доро ҳафт навъи таом ба рӯи хони наврӯзӣ гузошта мешуд. Аз нӯшокиҳо ғӯлингоб хеле маъмул буд ва имрӯзҳо низ он аз нӯшокиҳои барои тандурустӣ хеле қавӣ ва судманди дастархони тоҷикон аст.

Хӯрокҳои анъанавии наврӯзӣ аслан ғизоҳоест, ки аз ғалладона пухта мешаванд. Дар минтақаи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахӯд, лӯбиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм, ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла, дар Кӯлоб, далда, дар Бадахшон кашк, боҷ ва дар Панҷакент гӯҷа меноманд. Хӯрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии соли нав ва ғизои солимро ифода мекунад.

 Бозиҳои варзишӣ

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон) баргузор мешуд. Аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гӯштингирӣ буда, қабл аз ҳама ду мӯйсафед ба майдон меоянд ва бо рақсу гирди майдон чархзанӣ мусобиқаро оғоз менамоянд.

Дар даврони шӯравӣ, махсусан, солҳои 70-уми асри xx мардуми деҳот ба тариқи дастҷамъӣ масолеҳи таомҳоро ҷамъ карда, дар гузарҳо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Рақсу сурудхонӣ мекарданд, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои дилхушкунандаи бачагона барпо мегаштанд. Хушбахтона, ҳоло низ аксари расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар Ҳисори зарнисор маъмулу побарҷост.

Дилшод РАҲИМОВ, фолклоршинос, номзади илмҳои филологӣ,

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»