Пайғоме аз офариниш

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

ramzi1_navruz2020Дар миёни қавму миллатҳои ҷаҳон ҷашну маросимҳое вуҷуд доранд, ки бо одоб ва суннатҳои хос таҷлил мегарданд. Яке аз онҳо Наврӯз аст. Таърихи ба вуҷуд омадани Наврӯзро дақиқан муайян кардан ғайриимкон аст. Пеш аз даврони Модҳо ва Ҳахоманишиён, яъне, се ҳазор сол қабл аз мелод дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ идҳои Офариниш ва Растохез вуҷуд доштанд. Офариниш дар аввали тирамоҳ ва Растохез дар аввали баҳор таҷлил мешуд. Бо мурури замон ҳар ду ид ба ҳам омезиш ёфта, Наврӯзро ба вуҷуд оварданд. Дар замони бос­тон ҷашни дигар бо номи Сӯги Сиёвуш вуҷуд дошт, ки чанд рӯз пеш аз Наврӯз баргузор мекарданд. Он гоҳ ба шодмонӣ мепардохтанд, гӯё Сиёвуш зинда шуда бошад.

 Наврӯзи каён

 Ба вуҷуд омадани ҷашни Наврӯзро ба шоҳони каёнӣ Каюмарсу Ҷамшед нисбат медиҳанд. Гардезӣ дар ин бора менависад: «Ҷамшед ҷашни Наврӯзро ба шукронаи ин, ки Худованд гармову сармо ва бемориву маргро аз мардум гирифт ва сесад сол бар ин ҷумла буд, баргузор кард».

Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад, ки Ҳушанг оҳангарӣ, дуредгарӣ, бофандагиро ба вуҷуд овард. Истеҳсоли абрешим ва асалро ба роҳ монд. «Офридун… пилу шеру юзро мутеъ гардонид ва хаймаву айвон ӯ сохт. Тухму дарахтони мевадор ва ниҳолу обҳои равон дар иморат ва боғҳоро ӯ овард. Туринҷу норанҷ ва бодарингу лимӯ ва гулу бунафшаву наргису нилуфар ва монанди инҳоро дар бӯстон овард».

Умари Хайём ҳамчунин таъкид мекунад: «Нӯшинравони одил чун айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард».

Ин мисолҳо ёдрас месозанд, ки Наврӯз, офариниш, бунёдкорӣ, кашфиёт, шукуфоӣ… бо ҳамдигар сахт вобастаанд. Шоҳони каёнӣ ҳар кори хайр мекарданд, навигарӣ ба вуҷуд меоварданд, шаҳре месохтанд, онро чун наврӯз ид менамуданд.

Аз назари Хайём барои пойдор мондани Наврӯз, одил будани шоҳ хеле муҳим аст. Агар подшоҳ зулм кунад, дубора рӯзгори сиёҳ бармегардад: «Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ одил ва Худотарс буд ва ҷаҳониён ӯро дӯстдор буданд… Чун аз мулки ӯ чаҳорсаду анд сол ­бигзашт, дев роҳ ёфт ва дунё бар дили ӯ ширин гардонид. Ва дунё дар дили касе ширин мабод. Манӣ дар хештан овард, бузургманишӣ ва бедодгарӣ пеша кард… Он фарри эзадӣ аз ӯ рафт, тадбирҳош ҳама хато омад».

Нукоти дар боло ишорагашта ҳикмати зиндагии воқеист, ки ниёкон дар давоми ҳазорон сол таҷриба кардаанд ва ин ҳақиқатро чун ҳуҷҷат ба дасти мо додаанд.

 Сарзамини ҷашну шодӣ

 Баргузор кардани ҷашн фарҳанги мукаммали ниёкон аст. Ҷашни ­бисёр дар давоми сол баргузор мегашт ва мардум бо фараҳу шодӣ онҳоро таҷлил мекарданд. Дар гоҳшумории бостонӣ ҳар рӯз дорои номи хос буд. Масалан, дар моҳи Меҳргон ҷашни Меҳр вуҷуд дошт, ки дар меҳррӯз баргузор мешуд.

Ба ҷуз ин, идҳои дигар, аз қабили Наврӯзу Сада вуҷуд доштанд. Аз ин бармеояд, ки ақвоми ориёӣ касоне будаанд, ки шодмона зиндагӣ карданро меписандиданд. Шод зистан, ба хубӣ фикр кардан, ба рӯи ҳамдигар табассум кардан, рақсидан барояшон арзиши баланд дошт. Ин гуна зистан барояшон неру мебахшид, ишқ меовард. Шоҳон низ ба ин кор мухолифат намекарданд, оини ҷашнҳоро риоят менамуданд. Хайём дар «Наврӯзнома» нигоштааст: «Ва бар подшоҳон воҷиб аст оину русуми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри торих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол. Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд».

 Аспу Наврӯз

 Агар уштуру аспу астар набошад,

Куҷо қаҳрамонӣ бувад қаҳрамонро.

 

Ин фармудаи Носири Хусрав аз ҷойгоҳ ва мақоми баланди аспу уштуру астар дар ҷомеаи мозӣ гувоҳӣ медиҳад. Хоса асп, ки онро Умари Хайём «солори чаҳорпоён» номидааст ва ҷое мефармояд: «Асп мар мулукро чунон аст, ки осмон мар моҳро ва бузургон гуфтаанд: «аспро бузург бояд дошт, ки ҳар кӣ аспро хор дорад, бар дасти душман хор гардад».

Асп барои ниёконамон рамзи қудрат, тавоноӣ, қаҳрамонӣ буд. Қудрати шоҳ, неруи қаҳрамон ва тавоноии асп дар якҷоягӣ душманонро нобуд месозад ва Наврӯзи хуҷастаро ба армуғон меорад. Ҳамон Наврӯзе, ки дар натиҷаи пирӯзиҳо, бунёдкориҳо, хирадварзиҳо насиби мардум гардид. Ин нуктаро Умари Хайём дар «Наврӯзнома» аз номи Алӣ бини Абутолиб ин гуна зикр мекунад: «Эзид таолло аспро наёфарид илло аз баҳри он то мардумро ба вай азиз гардонад ва девро хор кунад».

Дар Наврӯз аспи шоҳро ба таври хос меоростанд, ба он лигому рикоби заррин мезаданд ва тоҷе рӯи сараш мегузоштанд, бо дебои абрешим зинат медоданд. Ҳар куҷое, ки суми пои аспи шоҳ мерасид, он ҷоро макони бофайз мегуфтанд. Аспи шоҳ ба бовари мардуми куҳан ҷонваре буд, ки дар шикаст додани неруҳои аҳриманӣ ва ғалабаи равшанӣ ба зулмот ва овардани рӯзи нав нақш бозидааст.

Дар «Наврӯзнома» 42 исми асп зикр шуда, ки номҳои зер аз ҷумлаи онҳост: Алус, Хинг, Бодхинг, Сабзхинг, Зардрахш, Сиёрахш, Хурмогун, Абргун, Хокранг, Майгун, Гулгун, Арғун, Баҳоргун, Обгун, Нилгун, Бӯрсор, Бунафшагун, Зоғчашм, Сабзпӯст, Симгун, Аблақ, Сапед, Саманд.

Аспоне, ки исми Алусро доштанд, устураӣ буданд. Мардум бовар дош­танд, ки онҳо аробаи офтобро мекашанд. Ҳар гунаи асп хосияте дошт. Масалан, чарма бадхашм ва дурбин, Сиёҳчарма хуҷиста аст. Шабдез рӯзиманд ва муборак, Саманд шикебо ва коргар буд. Сапедзарда аспест зеби подшоҳон, ки ҳангоми ҷашн­ҳо, ба шикор рафтан ва лашкаркашӣ ба он савор мешуданд.

Асп на танҳо ҳайвони неруманд, балки муқаддас низ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, ҷузъи номи подшоҳон буд. Гуштасп, Луҳрасп, Арҷасп… мисоли гуфтаи болост.

 Наврӯзи зарандуд

Ҳангоми ҷашн аз зару зевар фаровон истифода мешуд. Занони доро либосҳои абрешимини зарандуд ба бар мекарданд. Гӯшвораву гарданбанд, ангуштарину дастпонаҳои тиллоӣ меандохтанд. Аз нуқра ҳам фаровон истифода мешуд.

Шоҳон низ худро бо зару сангҳои қиматбаҳо меоростанд. Кулоҳ, риш, ҷома, камарбанд, бозубандҳои худро бо дурру ҷавоҳир зеб медоданд. Зару зевар чизи шариф ба ҳисоб мерафт ва дорои хосиятҳои муҳим буд. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём зикр шудааст, ки «Шарафи зар бар гавҳарҳои гудозанда чунон ниҳодаанд, ки шарфи одамӣ бар дигар ҳайвонот. Аз хосиятҳои зар яке он аст, ки дидори вай чашмро равшан кунад ва дилро шодмон гардонад. Ва дигар ин ки мардро диловар кунад, донишро қувват диҳад. Ва сеи дигар он ки некӯии сурат афзун кунад, ҷавонӣ тоза дорад ва пирӣ дер расонад. Ва чаҳорум айшро бияфзояд ва ба чашми мардум азиз бошад».

Ангуштарин зинати хоси занону мардон ба ҳисоб мерафт. Агар дигар зеварҳоро дар ҷашну маросим истифода мебурданд, ангуштарин ҳамеша зеби ангуштон буд. Шоҳон ангуштаринҳое бо нигини ёқут ва фирӯза доштанд. Онҳо ёқутро аз гавҳари қисмати офтоб мепиндоштанд, ки гудохта намешавад. Ҳамчунин, ин санг шуои баланд дошт ва оташ ба ӯ кора намекард. Хосияти асосии санги фирӯза ба бовари пешиниён он буд, ки аз захми чашм соҳибашро эмин нигоҳ медошт. Бояд гуфт, ки то ҳол хосияти сангҳоро ба назар мегиранд ва ин афкор дар миёни мардум вуҷуд дорад.

Ҳамин тавр, Наврӯз ҷашни бунёдкорӣ ва пайғоме аз Офариниш бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешуд ва хушбахтона, ҳоло ҳам иди фархундагист.

ВОРИС, «Садои мардум»