Таронаҳои наврӯзӣ

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

Ватан гулхандаи Наврӯз дорад,

Ба тан пироҳани гулдӯз дорад.

Ливои ишқ дар кӯҳсори тоҷик,

Ҳазорон шуълаи ғамсӯз дорад.

 

Тамоми олам аз Наврӯзи мо пур,

Зи пайки ӯ ҳама шодону масрур.

Аз он дар ифтихору сарбаландем,

Ки онро Тоҷикистон кард машҳур.

 

Зи рӯи лола гулхан дар гирифтаст,

Ҳавои ошиқӣ аз сар гирифтаст.

Баҳору ишқу Наврӯзи дилафрӯз,

Дилам аз синаи ман пар гирифтаст.

 

Биё, дур аз дари дилҳо набошем,

Биё, бе оташи гулҳо набошем.

Канори мо биё, Наврӯз омад,

Ба ҳам бошем, то танҳо набошем.

 

Баҳорон нусхаи рӯи ту дорад,

Насимаш атри гесӯи ту дорад.

Маҳи доси баланди осмонаш,

Нишон аз тоқи абрӯи ту дорад.

ҶӯрабекМУЪМИН