Кӯлоб. 155 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Соли равон бо мақсади бунёд ва барқарорсозии  ҷангалзор дар минтақа аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб» як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, 155 гектар ҷангалзори нав бунёд ва 310 гектар ҷангалзори куҳна барқарор гардид.

- Феълан дар тобеияти мо 324 ҳазору  173 гектар замин мавҷуд мебошад, ки 44679 гектарашро ҷангалзор ташкил медиҳад, — гуфт Мираҳмад  Давлатов — директори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб». — Соли равон кормандони хоҷагии ҷангал дар майдони 53,7 гектар чормағз, 98,4 — писта, 41,7 — бодом, 33,9 — хуч, 2,5 — анор, 68,3 — себ ва 24 гектар зардолу  шинониданд.

Бояд зикр намуд, ки соли 2019 кормандони хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 28,5 тонна чормағз, 7,2 тонна бодоми талхдона, 81,9 тонна меваи донакдор, 110,4 тонна меваи тухмдор, 27,7 тонна меваи хушк, 9 тонна хуч ва 1,6 тонна зелол ҷамъоварӣ намудаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»