Омодагӣ барои пешгирии коронавирус ҷиддӣ аст

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 26 марти соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазир Саида Умарзода ҷаласаи ситоди вазорат оид ба пешгирии коронавирус баргузор гардид.

Дар он омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи коронавирус, аз ҷумла, бистарӣ ва табобати сироятёфтагон, таъмини шуъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимот ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати карантин эълон намудан дар миқёси ҷумҳурӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Супориш дода шуд, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи волонтёрон таъсис ёфта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Инчунин, таъкид шуд, ки то ҳол сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар ҳолати зарурӣ муассисаҳои тандурустӣ бояд ҳамҷониба омода бошанд.

Дар идома роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти омодагӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус, аз ҷумла, захираи лавозимоти тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ҳисобот доданд. 

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»