Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/1-41 аз 4 феврали соли 2020-ро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои ба вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зоирзода Икром Оймаҳмад ризоят дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 770