Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ» аз 29 феврали соли 2020, №152 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 4, 9, 14, 15 ва 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сарҳади шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7659,25 гектар тағйир дода, масоҳати умумии он 20318, 25 гектар муқаррар карда шавад.
2. Сарҳади маъмурию ҳудудии ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби заминҳои деҳоти «Чоряккорон», «Чортеппа», «Сарикиштӣ», «Чимтеппа», «Россия», «Гулистон» ва шаҳраки Навободи ноҳияи зикршуда тағйир дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 759